Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳайҳот, дар зертахт ҳозир шуда буданд махдумҳо. Тахту маснади пазируфтаи Росу пояи ҳайкале буд, ки дар ҷанги гузашта балвогарон дар гарданаш таноб андохта, кашида, ба хок афканданд. Се бор ҳамин хел шуд. Тарафдорони ҳайкал барқарор карда дар ҷояш нишонданд қаҳрамонро; душманонаш, оқибат, сар ҷудо, тан ҷудо куҷое бурда нест карданд, ки на пай ҳасту на ҳайкал. Лекин ду арматури бурида гирифта гувоҳӣ медиҳад, ки пойи ҳайкал бар он устувор буд. Росу фармуд, ки як латтаи сиёҳро чун ливо бар чўбе бардошта, бар он арматур сахт банданд. Инак ҷойи ҷамъомади лашкар он ҷо мешавад. Ва Росу мудом аз он баландӣ маърўза мекунад ва қарорҳо мехонад.
— Лаббай, Олампаноҳ?!
— Не! Вай! Раққосаҳо дар куҷоянд?
— Сару тан мешўянд, Олампаноҳ!
— Ҳааа… Хубтар шўянд! Ҷосуро бигўед, ки аз супермағозаҳо шампуну собуни беҳтаринро оранд. Бўйи атри кафан дошта бошад. Кӣ медонад? Олам ба як ранг нест. Ман аз кўдакиам бўйи ин садбарги боғиро дўст медорам. Дар боғи бобом ҷуз садбарги атри кафан чизи дигар намерўйид. Мо зери буттаҳои он бозии рустшавакон мекардем. Хуб буд. Аз ҳамон ҷо ин бўй дар тану димоғам нишастааст. Обҳои роҳи дур ҳама бўйҳоро шустанд. Акнун мехоҳам, ки аз бадану зулфи раққосаҳо ин бўйро шунавам.
— Ба чашм, Олампаноҳ!
— Чашмони мушонаи шумо ба ман лозим нест! Зудтар амрро иҷро кунед!
«Ҳуши парешонамро бояд аз лавҳи хотирам бурида партоям.
Зеро ягон рўз маро шарманда мекунад. Ё гуруснагиву парешониҳои зиёд хотираамро занг занонидааст ё ягон нохалаф ҷоду кардааст; дору ҳам хўронданаш мумкин. Аз дасти нохалафҳо ҳар кор меояд. Ман ба касе кор надорам, лек ҳама ба ман кор доранд.
Сарраммоли нав ҳам мисли сарраммоли куштаамон ҳафтафаҳм бошад?...Ё!!!»
— Лаббай, Олампаноҳ!
— Чӣ фармуда будем?
— Раққосаҳо омода, Олампаноҳ! Лекин атри кафан нест дар мағозаҳо.
— Кадом раққосаҳо? Кадом атри кафан?
— Фармудед-ку!
— Фармуда бошам, чаро нест?
— Бар асари ҷанг муромурӣ зиёд шудааст. Ҳама мардумони ин ҷо феъли шуморо доштаанд. Фақат атри кафан мехаридаанд.
— Ёбед!... Шумо чӣ гуфтед? Ранги ман?
— Не! Бубахшед! Дигар хел.
— Чӣ хел?

пешина
аз 378
навбатӣ