Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Майдони Ханда ва Ашк. Наздиктар ба рўд кохи замбўруғмонанди Сирк воқест, ки замон-замон садои ханда меояд. Ва аз роҳ он тараф сўйи ғарбӣ монанд ба ҳамин бинои Сирк бинои дигаре бузургтар ҷой гирифтааст, ки ҳар гоҳ ашкрезон аз он ҷо мебароянд. Вале кохи дод ду бузургтабақи сафолии такурў кардаро монад чу Осмону Замин. Миёни ин ду зарфи такорў холигие дорад – шишаҳои тиреза метобад. Кохи Суди Олии Ҷумҳурӣ низ он ҷост. Тори бомаш чунин лавҳа: «ЗИНДА БОД ДЎСТИИ ХАЛҚҲО!« Ҳар як ҳарфаш қаду бари одам. Замоне шабҳангом ин ҳарфҳо фурўзон гашта на танҳо пешу паҳлўро равшанӣ мебахшид, балки майдон ва девору саҳни биноҳои баланди рў ба рў гирду гўша, ҳатто қасри Хандаро мунаввар месохт. Ҳоло шабу рўз ба як маром – тира метобанд ин ҳарфҳо. «Дўстии халқҳо» албатта дар беруни бино вуҷуд дорад. Андаруни кох аз нодўстии ду тоҷик сухан меравад, ки ҳозир ҳам сарафзори онҳоро раҳо кунанд, гўшти якдигар мехўранд.
Ҳамин хиргоҳи даввор Додгоҳ ном дорад. Дар миёни ду майдон подгони (горнизони) суди ҳарбӣ афтодааст. Онро убур карда ба воситаи долони ҳавойӣ ба Додхона меоянд, ки аз берун фариштагон ҳам рўйи шуми гунаҳгоронро дида наметавонанд. Ана дар ҳамин ҷо миёни ду табақи такорў мурофиъаи дод меравад.
Гўйӣ миёни ду табақ ҳама чизи дунё ҷой гирифтааст ва мубориза барои он меравад, то кӣ тикка бузургтар гирад ё луқма калон ва ё кадоме бударо зиёдтар соҳиб шавад?
Дар як қафас нуздаҳ ҷондорро ҷой додаанд. Сарҳо тарошида, вале ришҳо дарозу кўтоҳ: пахолӣ, каландӣ, ҷорўбӣ. Қайчиву устуранадида. Ҳолу аҳволашон; қиёфаву симояшон, сукуту гардан фурўкашиашон, рўй аз толору одамон тофтанашон ва дида ба нўки пой дўхтану нохунҳои чиркин хоиданашон дарак аз пушаймонӣ диҳад. Аммо миёни ин манқуртгаштагон саре набувад, ки кирдорҳои карда ва пушаймониро ба хотир оварда тавонад.
Онҳо замоне, ба андешаи хеш, қаҳрамонони даврон буданд. Баъд кўҳ ба кўҳ, беша ба беша ва ғор ба ғор мегаштагӣ шуданд ва гоҳ-гоҳ тохти дуздона ба шаҳр оварда, аз пайи сайде мешуданд; фармудаҳоро ба ҷо меоварданд. Соҳиби дунё шуданӣ буданд...
Ин замон чун маймунҳои шабушзада тани дар гармӣ ба хориш омадаро нохун мезаданд ва боз чашмони фурў рафтаро ба аҳли толор, ба додгару додгустар ва додхоҳ ва гувоҳу шоҳидон медўзанд, то раҳму шафқат кунанд. Танҳо панҷаи гиро надоштанд, то ба панҷара часпида ларзонанд ва кандаву дарида, аз ин хафоли оҳанин раҳо ёфта, ба озодӣ бароянд ва боз даррандагӣ ба ҷо оранд; харгўш, барраву бузғола, оҳубарраву мурғи ҳулол сайд кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор