Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дилзаниву дамкўтаҳиаш рафъ гашта, ба геологи ҷавоне табдил ёфта буд, ки оҳувор мегашт. Ҳавояш ҳам дигар.
Рўҳу нерў мебахшад касро ва пару бол ато мекунад, ки парвоз кунам мегўйӣ. Аммо Абдуҳалими ба назараш дар қуллаи ағбаи Анзоб намуда нагузошт, то падар парвоз кунад. Ў як бор намуд ва башитоб омадани падарро дида ғайб зад. Ҳарчанд падар фарёд зад ва «ист-ист!» гўён даст гардонд, писар хоҳиши ўро ба инобат нагирифта, паси ағба шуд. Падар пиндошт, ки ў аз сари ағба пушт парид; чунон парид, ки ҳар сол мошинсавору пиёда аз он ҷо парида мардумони зиёд нобуд мегарданд. Фарёдкунон фарозро рост шуд. Ва ба ду дасташ нигарист, ки пару болаш вуҷуд надорад. «Абдуҳалим қасдан рух намуд, то пару болам резад ва ўро расонида натавонам...»
Ва аз фарёди хеш бедор гашт. Садои тапиши дилашро болишт ба гўшаш медод; чунон ки дил тапад, садои он дар гўшаш метапид. Аммо бедор шуданашро ба завҷааш ҳувайдо насохта, чашм хобу дилу мағз бедор ба андеша рафт, ки чӣ хобе буд. Чаро писар падарро дидан нахост? «Шояд дилмонда бошад, ки падар маро дар зиндагӣ ҳифзу ҳимоя карда натавонист?» Пас бодиққат гўш дод, ки ҷуз садои тапиши дил ово ё овозе ҳаст ё на? Ҳеҷ садое нест. Андаке чашмашро боз кард ва ҳамон сояи рўймолбасарро дид, ки чанде пеш дида буд. Аз равшании чароғ метофт ин соя.
Дар берун торикӣ фаро омада буд.
Бедори бедор нагашта ва касеро хоб нагуфта, таъбир мехост.
Ба назари худаш хоби нек. Зеро фароз мебаромад ва писари мурда ўро ба худ наздик омадан нахоста ғайб зад.
— Мардак!
Шў як ҷунбиду андаке паҳлў гашт ва боз ҳамон нигоҳи ноумедона ба чашму рўйи зан андохт.
— Хоб дидам... Абдуҳалимро...
— Баъди ташвишҳо рўҳаш парешон гашт...
Вале гиряи кўдакона ва дилобии ў нагузошт зан то охир андешаашро гўяд.
— Аз ман хафа... Нигоҳ накарду рафт.
— Нағз.
— Чӣ хел...?
— Шумоя пеши худ нагирифтааст, нағз.
— Не. Вай аз ман хафа...
— Кори Худо... Аз дасти мо чӣ меояд?
— Ҳамту...
Имшаб тамоми ҳасрату армон гуфтанӣ буд, аммо ҳангу мадор надошт.

пешина
аз 378
навбатӣ