Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Баъзе хешро ранҷур гирифта пушт ба аҳли зол, ки нафасе пас бояд мурофиа сар шавад, гардонида, зуъм карда менишастанд ва
1 ё истех меистоданд. Ёд аз моли гаргин меоварданд. Зуъмашон аз он буд, ки гўё бегуноҳ дар ин қафаси азим, ки як тўда маймунро ҷой гиронидан имкон дорад, андохтаанд.
«Суд меояд!»
Баробари шунидани ин садо ба тани бархе аз эшон ларза даромад, вале тани дигарон карахт буд, ки чизеро пай набурда дар кунҷак ҷой гирифтаанд. Хушу маҷоли нигоҳ кардан, гуфтан ё шунидан надоранд. Пиндорӣ хаёлан дар кадом гўшаи олам ҷой доранд ва ҳарчанд зўр мезананд, ки кирдору рафторашонро пеш оранд, ба ёдашон намерасад. Яқин хотираи гуфтанӣ ҳам надоранд ба додвар, ки дар фулон ҷой, фулон рўз, фулон соат фулон кор шуда буд. Ман ўро тир задаму ёдам нест, ки барои чӣ? Ё кӣ фармуд? Ман ўро дуздидаму ба ҷое бурдам ва чунин корҳо рух дод. Он духтарро бо фармуди қумондон овардам. Ў бо вай гуфтугузор кард; гапашон напухт, қумондон ўро дасти зўрӣ кард, пасон сарашро гирифта «Ҷудо-ҷудо гўр кунед» гуфт. «Ҷамшеди писари Докторро дар танаи девор рост монда, тиршаппак кардагӣ ман.» «Ман қавл дода будам, ки дар бораи марги писари Нур ва рабудани мошин чизе нагўям. Вай чунон буд, ки сад сол ҷўянд ҳам, наёбанд...» «Худоё, аз ҳама бадаш профессорро роҳ нишон доданӣ шуда, даруни мактаб дароварда, дар кунҷи долон ҷун ҷуволи холӣ ба замин шинондагӣ мо...» «Агар ҳамаи он корҳо, рафторҳо ба ёд ояд ва касе рўйи сафҳа орад, на танҳо дар китоб; дар олам намегунҷад. Э, Худое..» Ин кирдорҳо аз ҳамон дарди бедаво буд, ки пеш аз ба шикор баромадан истеъмол мекарданд ва шери жаён гашта, ба ҳар сайди рў ба рў омада дарафтида, хомохом мехўрданд ва ё пайкон зада, ба хун оғишта, аз тораш ҳаллос зада гузашта мерафтанд, ки аз ин афтодаву афкор шабуш ҳам намерўяд. Аммо барои ба даст овардани баъзе сайдҳо моҳҳо аз пасаш кашола шуда мегаштанд, то ҷойи зист, ҷойи кор ва вақту соати даробарояшро хуб донанд. Баъзеашон даруни қафас чунин ҳодисаву воқеа ва кирдорҳоро гоҳ-гоҳ ёд меоранд, аммо сарзадаҳо чизеро пеши назар оварда наметавонанд, ки беҳушу беёд гаштаанд ва ҳатто обу донашонро беҳушона мехўранд. Лекин вақтҳои «озодӣ» ба филмҳои нашъамандон тақлид доштанд: мисли онҳо дуд мекашиданд, мехўрданд, медариданд, тир мезаданд ва панҷа ба мўйи духтарон андохта, сар ба пушт хам мекарданд ва ҷояш ояд, маг мезаданд. Ин тўдаро чунон ки буд, андаруни панҷара ҷой гирондаанд. Танҳо чашмонашон зории раҳмовари рўбаҳона дорад: «Мо раҳм карда натавонистем, шумо раҳм кунед».
- Бузу гўсфандҳои таги девлох монда Аммо вай каллакалони чашмонаш ҳанўз ҳам хунгирифта бо вуҷуди хуни сари буридаро даркашидан; шикамашро аз так то боло бо теғи алмосӣ чок кардан; пиёла-пиёла шираи кўкнор об карда дар кашидан; ё баробари донаи мош зери забон андохта макида гаштан...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор