Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Моли Хоҷагӣ чанд сар?
— Чанд сар буданаш дар дафтари Хоҷагӣ будагист.
— Ту хавфнок одам менамойӣ. Ман туя ҳамту намемонам.
Таёқ кашида заданӣ шуданатро арз мекунам. Агар ман нигоҳ карда намемондам. таёқат ҳоло майнаи сарамро ҷурғот барин бароварда буд. Ман ун мегуфтагии ту не. Агар лингата аз осмон набиёрам, Нозим Тайиб эмас ман.
— Рост. Ин тўҳмат аз дасти шумо меояд.
— Чӣ хел тўҳмат? Ман шоҳид дорам.
— Куҷост шоҳидатон?
— Худо шоҳиди ман.
Чўпон сахт хандид.
— Чӣ механдӣ?
— Вақте ки ба сафи партия қабул мекунанд, шумо бехудо.
Вақте ки тамба шах меояд, шоҳидатон Худо. Пайғамбарро шоҳид биёред ҳам, аз қавлам намегардам. Ман келасро заданӣ шудам.
Вай гурехт. Ҳамин ҳам ба хотири шумо, ки бегона дида, ба сару рўятон хез накунад, гуфта, асо ба санг задам. Аммо шумо – девори намкаш баҳона меҷўед, то мурдаро монда тутхўрӣ кунед.
— Баъд гапзанон мекунем, чўпон...
Нозим Тайиб сари қўш, ки ба эҳтироми меҳмонон дастархони чўпонӣ кушода буданд, нарафт. Балки сар ба осмон бардошта, фалаки кабуд, офтоби дурахшони аз ҳад зиёд тафсон, чарогоҳи фарохи баъзе ҷойҳояшро теппаҳо иҳота карда ва рамаи парешонро аз назар мегузаронд. Истодаш – даст дар миён, баъзан пушти бар, гоҳе тори чашм лапар – ниҳоят тааҷҷубовар буд ва агар ҳолиё Ҷабраил ё Азроил наздаш ҳозир гардад, беэътинойӣ мекард. Ё чизе пурсад: «Ман туро намешиносам» мегуфт. Ҳоло ҳозир ҳам чунин. Омадани мудири ферма ва сарчўпон, ки мошинашонро дар сари роҳи мошингард, паҳлўи УАЗИКИ онҳо гузошта, пиёда омада буданд, эътиборе намедод. Гўё мушкила ва ё масъалаи асрро ҳаллу фасл карданӣ буд ва фикру хаёлаш дар осмонҳо.
Ягон шоҳ, сипаҳсолор, аллома ва ё котиби партиявӣ ҳам чунин кибр надошт. Ғурур дар осмон, ки кулоҳи сафедаш ана-ана ба осмон мечаспида бошад. Ҳастанд чунин касон: сар пур аз бод; ғурур дар осмон. Баъзан-баъзан аз рўйи одат ё ба қавли худаш «катагӣ» бошад, ки чап-чап аз миёни дандонҳо ҳаво мегузаронад.
Одамон аҷоиб: баъзе дандонкобиро хислатҳои бузургӣ медонанд, бархе биникобиро. Ягон-ягон аз дандонкобӣ чӣ хўрданашонро ба дигарон фаҳмонданӣ мешаванд. Аммо меҳмони нохондаи бо ҳазор нияту нақша ногаҳонӣ дар сари мол ҳозиршуда аҷибтар аз ҳама. Дар ягон асар ин хел андому қиёфаи ҷиддӣ, вале хеле сабукпайкарро кас нахондааст. Чолок метобад ва мўзаи латтагини на геологпўш, балки бригадирони соҳаи кашоварзӣ мепўшидагиро ба пой кашида, костюми галифеи хокиранги аз Сталин мерос мондаро ба тан кашида, чолоктар шудааст.

пешина
аз 378
навбатӣ