Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин хел? Ба сари ман заданӣ будӣ! Дидӣ, ки ман танҳо нестам, асо ба санг задӣ, то гуноҳи азиме содир нашавад.
— Не, меҳмони азиз. Ман келаси тори сангро задам, ки шуморо дар ин саҳро бегона дида, ба ҷонибатон, хез накунад.
— Неее... Ту мана чўпон гумон накун. Ман ақл дорам. Дар таги замин мор ҷунбад, мефаҳмам. Ту маро заданӣ будӣ, ки гуноҳҳоят фош нашавад. Аммо фикр накардӣ, ки бо чунин кирдорат гуноҳат ҳазорчанд мешавад. Ба баҳои сари ман дар турма кирму кана карда меравӣ. Лекин ана ин ҳамроҳони ман пеши роҳро гирифтанд.
Дертар фаҳмидӣ, ки асо ба сари худ мезанӣ, на ба сари ман.
— Не-не, ин хел не, меҳмон... Ман шунидаам, ки агар келас ба тан ё ҷойҳои лучаки кас часпад, онро ҷудо карда намешавад.
Ҷудо карданӣ шавед, ҳамон ҷадар чанголи ў то мағзи устухон меравад. Танҳо ситораи осмонро биоваред, ин ҷонвари баднамои хунхўр ситораро ба чашми худ дида аз танатон шалаппӣ ба замин меафтад. Афтида, мемурад.
— Ту манӣ гўмахўр карда наметавонӣ, чўпон.
— Ё шумо аз осмон ситора оварда метавонед? Бояд тавонед.
Чунки ҳукм дар дасти шумо баринҳо.
— Гуфтам-ку! Ту манӣ гўмахўр накун. Ту манӣ заданӣ будӣ.
Лекин таёқат ба санг зад. Медонӣ, ки ман бегуноҳ, а?
— Медонам. Бовар кунед, ман ба шумо асо наандохтаам.
— Андохтанӣ будӣ! Заданӣ будӣ! Лекин шинохтӣ, ки ман кӣ?
— Ман шуморо ҳозир ҳам нашинохтаам. Аз лаҳҷаатон маълум, ки аз наҷоди турк ҳастед.
— Ман Нозим Тайиб ман. Пўсти шумо барин чўпонҳои дузда мекандагӣ ман. Шумо чӣ қадар пўсти ин ҷонварони бегуноҳро меканед. Ҳеҷ кас чизе намегўяд. Як бор ман ҳам пўсти шуморо канам, бинем, кӣ чӣ мегўяд.
— Касе чизе намегўяд. Ҳозир шумо меҳмони азиз, ҳамаи моро кушед, рамаро пеш-пеш карда дари райком бурда қава кунед. Ягон кас як даҳан гап зада наметавонад. Чунки ҳукм дар дасти шумо.
Боз, агар ки шуморо худи партия фиристода бошад, ҳазор даву тоз, ҳазор илтимоси мо як пул. Лекин шумо бо ман ҳафту ҳашт накунед. Ана худи мудир меоянд. Сарчўпон ҳам меояд. Ман як чўпони оддӣ, фармонбардор. Шумо амр кунед, ки молата аз заминҳои Ҷиззахи республикаи бародарии Ўзбекистон ҳай карда ба республикаи худамон Озорбой... Оҳ бубахшед...ба республикаи Тоҷикистон бубар, маҷбур, ки ман ҳамин корро кунам. Пули шартномавиамон сўзад ҳам ман ба эҳтироми шумо – намояндаи азиз ҳамин корро мекунам.
— Худаш омад, гўй... Яъне сен билан ҳафту ҳашт кардан фоида надорад?
— Ҳа. Ман ба шумо ягон чиз гуфта наметавонам.

пешина
аз 378
навбатӣ