Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андаке сарфаҳм рафт, ки шубон кам-кам кинояву пичинг дорад ва меҳмонро гўл заданист ё муроди ўро фаҳмиданист. Ҳарчанд медонад, ки аллакай хабар расида буд, то моли чаканаро аз моли Хоҷагӣ ҷудо кунанд, аммо ба ин кор нарасида, намояндагони ҷаҳлгирифта расида омаданд. Нозим Тайиб баъзе калимаҳои чўпонро сарфаҳм рафт. Чандон ки тоҷикиро хуб намедонист, як калимаро сахт қапид:
— Ту маро ахмоқ гумон накун.
— Ба ростӣ, худатон намегуфтед, ҳеҷ гоҳ чунин хаёл надоштам.
— Чӣ гуфтам?
— «Ту мана ахмоқ гумон накун.»
— Рост мегўм.
— Ман ҳам рост мегўм.
— Чӣ хел рост мегўйӣ?
— Ман ҳеҷ гумон накарда будам, ки шумо ҳамин хел ҳастед!
— Чӣ хел?
— Одами нағз, ҳама гапатонро рўйирост мегўед.
— Ту бачча, найрангатро мон. Ту ҳамчун бойи замони Советӣ бояд ба ҳар як рафтору кирдорат ҷавоб гўйӣ. Ту ин чизро мефаҳмӣ?
— Не.
— Агар нафаҳмӣ, баъди саршумори мол ба ту нағзакак мефаҳмонанд.
— Шумо ёру дўст надоред, раис?
— Дорам, надорам, ин кори ту не...
— Мо ёру дўсти зиёд дорем. Илтимос карданд, ки то зимистон қатори рамаи Хоҷагӣ бонӣ кунем. Шумо ҳам мол дошта бошед, биёред, муфт бонӣ карда медиҳам.
— Аз ҳисоби йему хошоки Хоҷагӣ?
— Не. Тобистон аз замин алаф мехўрад, ягон хел йему хошоки хоҷагӣ сарф намешавад.
— Хобата ба об гўй! Якумаш: ман дузд нестам; дуюмаш: ман бой нестам. Лекин шумо дуздҳоя, мебинӣ, чӣ кор мекунам!
Шубони шабу рўз бехобӣ кашида ва аз аҳлу аёл дур ва ҳамчун Абдуҳамид ба меҳнат фидойӣ, хасҳои хушки оташрасида барин як вағғид, асои гурмдори чўпониро сахттар фишурд. Пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифт ва сару рўяшро арақ пахш кард. Аммо бо ў ҳамзабон нашуд. Зеро мудирашон чунин одамест, ки обро надида мўза намекашад. Ў ҳам асои аз замин то баробари зону бардоштаро ба санги паҳлуи вағнич зад, ки келаси тори он зуд худро ба хаволии паси санг гирифт.
— Ту ба сари ман заданӣ будӣ, ин асоро, а?!
Шубон хашму оташи хеш фурў бурда натавониста бори дигар асо бар санг зад.

пешина
аз 378
навбатӣ