Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Абдуҳамид як сайди ҳайрон буд аз ин рафторҳо ва сайёд бешумор. Як муфаттиш мерафту дигараш меомад. Ва агар ҳар кадоме сесаҳифагӣ менавишт, аллакай як китоби шикваву шикоят мураттаб гардида буд. Танҳо Дон Кихоте намерасид, ки ё бо зарби шамшер, ё бо афсонаҳои пурафсун, ё бо забони ширин, ё бо панду андарз ва ё бо дайн кардани хизмати хирсонаи муфаттишони ба ном поквиҷдон ин ҳама бесарусомониҳоро сомон бахшад. Асои чўпонии ин қабил намояндагон ба сари серкаҳои парешоншох ва кўчҳои қавиқарн ва барраву бузғолаҳои ҳанўз шох набароварда мешикаст.
Нозим Тайиб ва намояндагон аз вилояту марказ он қадар фаврӣ ба девлоху чарогоҳи марғзор расиданд, ки каргас он зайл тез намерафт. Бо умеде омада буданд, ки аз девлох танҳо пўсти гўргхўрда ва дуруши гўш ҷамъ мекунанд ва мудиру чўпон бо чунин ҳилаву найранг ҷони худро наҷот медиҳанд. Аммо баробари дар чарогоҳи фароху сабз рў ба рў шудан бо рама ақли чашми онҳо бовар намекард, ки Хоҷагии ёрирасон ин қадар мол дошта бошад; мудир моли кадом колхозро пеш оварда, саршумори онро гузаронида, худро аз банди маломату паси панҷараи маҳбас раҳо карда, пасон мол ба молдор супориданист.
Гоҳе ки фиристодаҳои бодпо ба айлох расиданд, шубонон бо асо таҳдид карда чанде аз гўсфандонро ҷудо мекарданд. Нозим Тайиб ҳамчун сардори намояндагон ба чўпон наздик омада пурсид:
— Чӣ кор мекунӣ?
— Гўспандҳои худама ҷудо мекунам.
— Чӣ хел?
— Ҳамин хел.
— Ин моли ту? Ё моли Хоҷагӣ?
— Моли Хоҷагӣ. Моли ман ҳам ҳаст.
— Бойи замони нав гўй...
— Бой не, меҳмон... Ҳар чўпон ҳам мол дорад. Дар қатори рама моли худашро низ бонӣ мекунад.
— Муфт?
— Муфт ё сахт, ман намедонам. Лекин азоби гўр. Меҳнат мекунад, то яктоаш дуто шавад. Айнан шумо барин.
— Чӣ хел?
— Айнан шумо ҳам шабу рўз хоб намекунед-ку...
— Аз куҷо медонӣ?
— Ин чизи маълум, раис. Мард аввал шабу рўз кор мекунад, то фарзанддор шавад. Баъд шабу рўз кор мекунад, ки фарзандашро хуронаду пўшонад, сонӣ худаш барин коргар гардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё