Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Баъди чанд вақт, ки моли хоҷагии ёрирасон ба чашм намоён шуд, «дўстон» чашми дидан надоштанд.
Хоҷагии ёрирасон ҷое шуд, ки ҳар намояндае аз вилоят ё аз марказ меомад, бояд ин ҷоро зиёрат мекард. Оҳиста-оҳиста мушкилкушойе гашт. Агар идораи геологӣ ва ё корҳои ҷустуҷўйро ба тафтиш меомаданд, якрост ба Хоҷагии ёрирасон мефиристоданд.
Ҳатто тафтишҳои управленияро низ ба ин самт ҳавола мекарданд, ки ҷавобгўй бошад. Ба ин восита эътибори сардори хоҷагӣ рўзафзун мегашт ва ў бисёр дўстони кориву нону намак пайдо мекард.
Албатта на ҳар касро хуш меояд чунин ҳол. Гадо душмани гадо.
Дигарон мехостанд, ки обрўву эътиборашон зиёдтар бошад. Аз ин рў ҳар балойи омадаро ба сари Хоҷагӣ равон мекарданд.
Миш-миш шуд, ки номзадии Абдуҳамид Холиқовро ба «қаҳрамонӣ» пешниҳод мекунанд; ба «Қаҳрамони кори сусиалистӣ». Миш-миш ба рост табдил ёфт ва овоза шуд чунин қадр кардани партия ва ҳукумати Тоҷикистон корманди геологиро.
Чун кори Абдуҳамид миёни мардум намоён набуд, бисёриҳо, ба вижа душманон пиндоштанд, ки ин кор ҳам мисли корҳоест, ки ошнобозӣ мешавад. Гўё айнан кори бригадири колхози ба номи Жданов барин, ки бригадаи беҳосили чаҳорумро бо бригадаи дуввуми серҳосил иваз карда, даромади бригадаи дуввумро ба номи бригадири аз осмон афтида гузаронида ба «қаҳрамонӣ»
пешниҳод карданд. Вале Ёр аз пайи ин кор афтода, то вилояту марказ даву тоз карда, нодуруст будани чунин қаҳрамониро дар назди Ҳоҷиев исбот кард ва дафтару делоро бозпас гардониданд.
Баъзе дўстони Абдуҳамид Холиқов ҳам чунинро чунон дониста ба нависонавис пардохтанд. Ва яку якбора тафтиш болойи ташвиш бор шуд. Дигар тафтишҳои геологӣ ҳам ба ҳамин сў равона шуд ва Хоҷагии ёрирасон ҳадафи тафтиш қарор гирифт. Шикояте ба чунин мазмун буд:
«Мудири Хоҷагии ёрирасон А. Холиқов ҳама моли харидаи хоҷагиро ба нестӣ расонд. Мошин харид. Хона сохт... Дар натиҷа, мол намонд дар хоҷагӣ. Касе нест, ки лаҷоми ўро кашад...»
Чунин номаҳои беимзо аз кумитаи партиявии ноҳия то кумитаи партиявии вилояту кумитаи Марказӣ зиёд мерафт бо тобишҳову нуқсонҳои гуногун, ки хоҳ як нафар менавишт, хоҳ сад нафар. Сонӣ бисёриҳо камар бастанд ба кашидани лаҷоми (гўё) раҳошудаи мудир. Ҳамдиёрони нозеъ, ҳамшаҳриҳои нотавонбин, ҳамкорон ва кормандони баҳонаҷўйи партиявӣ шерак шуданд ба дарёфти нуқсони кори «гунаҳгор». Ҳар кор ва ҳар кирдорро сарваре мебод, то бо ҳунари шотирҳои ҷонбагараваш инони аспи бидави «душман»-ро ба ҳар сўе хоҳад, бигардонад. Сармуҳандиси геология Нозим Тайиб ҳамин кори бошарафро ба зимма гирифт, то ба партияи ҷоноҷонаш хидмате карда бошад. Намояндаҳое ки аз марказу вилоят меомаданд, рўёрў бо Нозим Тайиб шуда, ҳама сирру асрорро аз забони ў мешуниданд ва баъд ба шикор мебаромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё