Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале ў мошинро дар хона мегузораду ҳамроҳи Маҳмараҷаб ба мошини «Газ»-53 савор шуда кўҳ ба кўҳ мегардад.
Ин хел касон дар замони Шўро кам набуданд, ки кори давлативу ҷамъиятиро аз рўзгори хеш пеш мегузоштанд.
Вале Абдуҳамиди неккорро як чиз сахт ташвиш медиҳад: майдони танг. Боло сангу бетон, ки мардак азоби зиёд кашида дар сари мижгон хона сохтааст ва поён боғи мардаки дигар, ки ҷару ҷўст. Бо вуҷуди он ў обканҳоро сахтбунёд девор мекунад ва роҳ месозад. Боз танг роҳ. Як мулке мебод, ки фарох бошад, худрову мардумро манзил созад Абдуҳамид. Оқибат чунин манзил пайдо мегардад, шояд дер пайдо гардад. Зеро роҳҳои тангу каҷокилеб ва шебу фарози он ба ҷавонон чандон хуш наояд, ки замонашон ва дунёяшон бо техника созгор аст. Бо вуҷуди он кўшишу орзўи неки Абдуҳамиди дурандеш ўро тасаллӣ медиҳад. «Худованд оҳи касро мешунавад. Оқибат ёре мефиристад маро, ки ҳама накўкориҳоро дастгирӣ кунад.»
Оҳиста-оҳиста мошин меронад ў. Ба ҳамин суръат мардуми музофот, ноҳия, вилоят ва марказ ин қаҳрамони хоксори даврони моро мешиносанд. Аммо чуғулҳо зиёданд, баъзан пеши по медиҳанд, баъзан роҳи гузар намедиҳанд. Сардори идораи геология Боймуроди Холмурод ўро хуш кардааст, корашро низ. Ҳамчун коргари пешқадам ба ҳар канори мамолики Шўравӣ мефиристад ва ин чиз на ба ҳама хуш меояд. Зеро коргари кордон ҳам чунин муомилаву иззату эҳтиромро мехоҳаду дўст медорад, бекорхўҷаи нодони сояхусп ҳам. Аспро наъл бастаанд, қурбоққа ҳам пой бардоштааст, ки маро низ наъл бизан.
Ў як марде шуд дар даргоҳу соҳаи мушкилписанди геологӣ, ки дар ҳар нуқтаву макон гузорӣ, кор карда метавонад. Ва ҳамон солҳо як ҷунбише ба амал омад дар соҳаи корҳои геологии Шингу Моғиён. Дасисаҳо сохтанд. Афсонаҳо бофтанд. Кор то ҷое расид, ки бо ҳазор ҳилаву найранг ба қатлу ғорат даст задаанд коргарони анборҳо. Чунин корҳо дар базаи Заврон ҳам бетаъсир намонд. Саримсоқ ном мудири базаву анборро гирифта ба ҷояш Абдуҳамиди коммунистро монданд. Вале ў кўҳгардиву пармагариро ва санг суфтанро авлотар медонист аз пойбанди ҷое гаштан.
Аммо ин тавр нашуд. Серташвиштар гашт ў. Хоҷагии ёрирасон низ ташкил карда шуд; чорводорӣ кардан ҳам рост омад. Валек ноҳияҳои Айниву Панҷакент чарогоҳи хуб ва майдони фаро овардани йему хошок надорад ва роҳбарони хоҷагиро лозим меояд, ки ғами зимистонро дар тобистон хўранд; мўрона бояд шаборўз дона кашид. Як пойи Абдуҳамид дар водии Зарафшон бошад, пойи дигараш дар Хатлонзамин буд. Аз Балҷувону Данғара коҳу алаф мекашонд. Азобу машаққат як рў, аз мол гаронтар афтодани хидмат дигар рў. Чунин ташвиши зиёд ва хидмати ройгону беминнат каси ноогоҳро ба чашм наметобад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё