Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рўсурхи ягон шиша ба сар кашидаро монад. Бинии чуккааш пўсти рўяш барин мўя-мўя сурхӣ дорад. Ду дандонаш тиллойи зард; яке аз паҳлўи рости даҳон, дигаре аз чап. Яқин барои бодигӣ. Ва ҳар бори лаб кушода, маҳз аз паҳлўи ҳамон дандони рост чип-чип ҳаво кашидан он дандон як зарраи зери хокистар барин менамояд, ки бод хокистарро парешон карда бошад.
Баъзеҳо аллакай бар пўстаку кўрпачаҳо нишаста дам мегирифтанд. Он тарафтар дар паҳлўи марза, зери офтобаи сиёҳ саргини аспу пуски гўсфанд дуд мекард. Андаке дуртар гўсфандони баррагумкарда ва барраҳои аз пойи очаашон қафо монда бааа-бў доштанд. Сагҳо меҳмононро бо ав-аву ак-ак ва ҷаҳлу ғазаби зиёд ва орзўи дарафтидан пешвоз гирифта, ҳолиё дуртар аз қўш чукка зада, рўйи ду пою дум нишаста, гўш чур медоштанд, ки одамон чӣ мегўянд ва чӣ корҳо мекунанд. Бештар диққати ин сагон бар он буд, ки чўпон ҳамаро монда, ягон серка, ё ягон қушқорро пеши пойи меҳмонон хун мекунад ва онҳо ҳам баҳра мебардоранд. Одатан, нахуст хун, каллапоча ва рўдаву сурхною хирнойи моли кушта насиби онҳо мегардад, зеро дар ин зиндагии мардона зане нест, то бо тоза кардани каллаву поча ва пухтани он машғул гардад...
Лек чашмони сагон аз нигоҳ кардан об баровард ва гўшҳояшон аз чуру сих истодан ба дард омад, муроде ҳосил намешавад. Мудир омад, шояд чўпон кордашро санг занад.
На. Сармуҳандиси геологӣ чунон вонамуд месозад, ки мудири Хоҷагии ёрирасон Абдуҳамид Холиқовро намешиносад. Ба сари қўш намеояд. Ҷангӣ барин. Гўё мудири хоҷагӣ ҳам ташкилоти геологиро бадном кард ва ҳам ба номи партияи коммунистӣ иснод овард. Таърих бори нахуст чунин партияи ҳалолкор ва одилу покро ба миён овардааст ва дар паноҳи он ҳар гуна корҳои бешарафӣ ва ҳарому ғайриинсониро кардан бевиҷдонист. Зеро гоҳи ба сафи ин ташкилоти обрўманд ва росткор пазируфтан дафтари аъмоли касро варақ мезананд ва ҳафт пушти ўро тафтиш мекунанд, ки кисту аз куҷо ва сабаби худро дар сафи коммунистони асил диданаш чист. Абдуҳамид Холиқов ҳам аз чашми чунин парвезан гузаштааст. Бо даҳони ҳалолу забони тоза ба ҳар пурс посух додааст, ки барои чӣ ба сафи партияи ҷоноҷон будан мехоҳад.
Сарчўпони колхозашонро дар сари мол омада пурсупосух карда узви ин ташкилот дониста буданд. Зеро Ашўри сарчўпон, ки аз сад сар меш як саду ҳабдаҳ сар барра мегирифт, фурсату имкони ба маҷлиси онҳо рафтан пайдо накард. Ҷонфидо буд ва кори колхозу ҷамъиятро аз кору бори хеш боло медонист.
Абдуҳамиди мудир ҳам чунин одам. Хонаву дар намегўяд, кори давлатӣ ва моли ҷамъиятиро аз дигар корҳои хусусӣ боло мегузорад. Дар базаи Заврон бист гектар замин ҷудо карданд, ки моли Хоҷагии ёрирасонро хошок пайдо шавад. Чунки кормандони хоҷагӣ, ба вижа мудири он азоби зиёд мекашад аз хошоккашонии роҳи дур, ки хароҷоташ зиёдтар аз судаш.

пешина
аз 378
навбатӣ