Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар охири навиштаам бо ҳарфҳои калон сахт овоз мебарорам:
«ПОЯНДА БОД ТОҶИКИСТОН!»
— Ҳммм... медонед шумо чӣ гуфтанатонро.
— Маъқул нест, Ҳоҷӣ-бобо?
— Маъқул. Аммо...
— Шумо натарсед. Аз гўру қиёмат ҳам андеша накунед. Дар бораи он чизҳое, ки хаёл мекунеду оқибаташро андеша доред, савганд мехурам, ки як ҳарф наменависам. Аз растохези баҳманмоҳ, майдондориҳо, ба Душанбе лашкар кашиданҳо, омадани Сафараливу ўзбакҳо, шарту шароитҳо, ҷангҳо, хунрезиҳо, ғоратҳо, сўхтану куштану бурданҳо; дастаҳои ғоратгар, роҳзанҳо, қумондонҳо, талоши лашкаркашиҳо, зиёдтар гирифтану соҳиби мулк гаштан, тақсимоти мероси СССР ва он чизҳое, ки шумо дидеду шунидед, як калима наменависам. Зеро вазифаи ман ёддошт ва ҷангнома навиштан нест. Ман дар бораи одамон менависам.
Одам одам кушад ҳам, дар бораи чӣ сон куштанаш не, балки дар бораи худи қотил менависам, ки ў кист. Ман ваъда медиҳам ба шумо, Ҳоҷӣ-бобо. Дар бораи генералҳо ҳам лом намегўям. Чунки он қадар бисёр шудаанд, ки намедонӣ хизматашон чист? Қариб ҳар сардори яроқбадастон генерал. Ба номи Худо, наменависам.
Мо пеш як генералро медонистем: Тошмуҳаммедовро. Агар дар парад ҳозир шавад, ҳама тамошо мекард. Ҳавас мекарданд, ки чунон шаванд. Бовар кунед, наменависам. Чунки ман шумо барин одами дилсафед ҳастам. Ба баду неки касе кор надорам. Аммо дилам бекора. Худ аз худ тазйиқ хўрда ба ҳар номаъқулии дигарон тангтар гашта, лимў ё анор барин афшураашро худаш меҷафад.
Гоҳе ки як пўчоқи холӣ монд, ба тапидан медарояд, то хуни рафта боз ояд. Ин гапро ба шумо гуфтан ҷо надорад. Мумкин ҳам нест.
Бовар кунед: дили ман аз дили шумо зиёдтар меларзад, аммо парво намекунам. Дили шуморо намедонам, дили ман, дар осмон абр доман кашад ё ғубор пайдо шавад, ланҷи беҷон мегардад. Дар рагҳоям низ як чиз (худам намедонам, ки чист?) метанад ё медавад, ки хўрок хўрдан намехоҳам. Ҳоло ман ба шаҳриёр навиштанӣ ва бисёр хоҳиш карданӣ, ки барои ман дар тори абрҳо хона созанд. Зеро ман бояд ҳама вақт офтобро дида истам. Ҳамин ки офтоб зери абр шуд, нерўямро гум мекунам, хуши кор карданам мегурезад. Ин барои ман муҳим албатта; дигаронро чӣ парво? Ё ман баринҳо зиёд бошанд, номаи маро дастгирӣ карда иловагӣ ба шаҳриёр нависанд, ба ягон хулоса меомадагист. Ана баъд фаҳмидам, ки Абў Алии бузург фақат банди аҷалро не, масъалаи пеши офтобро гирифтани абрро ҳам ҳал накарда будааст. Ё оҷиз бошад одамӣ ба корҳои Илоҳӣ?
— Аз афташ, ҳамин хел.

пешина
аз 378
навбатӣ