Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вагарна ў ҳеҷ гоҳ чунин андеша надошт ва чунин гуфтор ҳам намекард. Ба худ омада зери лаб гуфт:
— Шумо, амакаш, як бор пеши Забур равед, ў шуморо ба айлоқи Саратоғ мебарад. Самандро мебинед. Ана вай кирои навиштан мекунад. Саргузашти ман саргузашти ҳама касонест, ки ду асрро дидаанд. Агар ҳамаи боқимондаҳои асри гузашта аз ҳаёти ду давр розӣ бошанд, ман ҳам розӣ. Ҳамин қадар мегўям, ки дигар СССР намешавад. Ҳар чизи дигар шуданаш мумкин.
Аз ҳама бадаш гўшти якдигархўрӣ. Ҳамин шаб хоб дидам, ки як киштии азим дар рўйи баҳр лаппон меравад; каҷ мешаваду рост. То ним ба фўк даруни об меғўтад. Боз аён мегардад. Аммо куҷо меравад, маълум нест. Гўё ҳайдав аст, нохудо надорад. Ғарқ мешавад гуфта тарсида хестам. Ҳоло ҳам дилам меларзад.
Ҳоҷӣ хаста гашт. Дигар ҳаракати сухан кардан надорад. Пешонӣ пок кард оҳиста бо сачоқи бар сари сина гузоштааш. Сар тофта ба амак нигарист:
— Амакаш, хубаш, шумо ҳамон китобро нанависед. Монед, ман дар гўр ором хоб кунам. Зеро ман фарзандони зиёд дорам, ба онҳо зиён мерасад.
— Неее... Он хеле ки шумо фикр мекунед, наменависам. Шуморо корномаҳо кард, ба қадраш нарасиданд мегўям. Намегўям, ки ҷанг буд, ҷидол буд, гўшти одамхўрӣ буд, писар душмани падар буд. Ба ду лагер ҷудо шуда буданд. Яке боқадру дигаре беқадр буд. Болонишинҳо пастнишинҳоро қадр намекарданд. Чунон ки наҳанг моҳичаро зинда фурў барад, олимақомҳо ҳам бечораҳоро бо мошину хонаву дараш ва молу мулкаш яклухт фурў мебаранд.
(Агар дошта бошад, албатта.) Ман ин чиҳоро як даҳан ҳам намегўям. Якбора сар мекунам: «Ҳар чӣ буду набуд, оқибаташ хуб шуд. Одамони бефаҳми аз замони Доқюнус монда бошанд ҳам, барои беҳбудии халқу миллати ҷафокаши худкуши бегонапарвар чунин корҳоро карданд. Ин мардони говзўр одам кушта бошанд ҳам, хун рехта бошанд ҳам, дар роҳи ояндаи дурахшон ва ба фоидаи халқи азизи худ ин корро карданд. Зеро халқ аз ҳад афтодаву абгор – моли гаргин барин таги қўтан монда, чун ғарибкорони ба Русия марди корӣ рафта шабуш зер карда буд, ки то қатраи охирин хунашонро мемакид. Ин бесабаб набуд: чунон ки ба ҳама аз рўз ҳам равшантар буд, роҳҳои як вақтҳо аз они худамонро ўртоқ Каримов гирифта, дару дарвоза ва ҳадду сарҳадашро ғавчўб ва симтўрҳо кашида буд, ки ягон мошин, ҳайвон ё паррандаи тоҷикӣ аз он роҳҳо убур карда наметавонист. Аз ин рў мардум «дуст» оварда наметавонистанд, ҳама ҷоро кайку кана ва шабуш зер карда буд. Дар бораи пашша чизе намегўям, чунки бо ин кор чиниҳо машғул. Аз рўйи миш-мишҳо онҳо ҳам шаб ё саҳар бо моли худ тамоми бозорҳоро пахш карда мегиранд. Фақат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор