Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Амакшоъири Халил бародарро диданӣ омад ва чун дилбардорӣ Ҳоҷиро суханҳои хуб гуфт, то рўҳашро болида дорад: «Ман ҳар рўз меоям, шумо беҳтару хубтар мешавед. Кам-кам саргузашту қаҳрамониҳоятонро қисса мекунед. Иншоллоҳ, дукаса китоб месозем». Дар чунин ҳолат Ҳоҷӣ худро дошта натавониста хандиду гирист. Он замон аз дили ў чӣ гузашт? Худаш донаду Худо.
Дар курсии канор зани порсои ў гўшаи рўймол зери дандон газида ҳамаро медиду мешуниду мушоҳида мекард. Ў низ баъди Худову худаш таги дили шўро хуб медонист. «Амакаш, ин кас кўдак шудагӣ» гуфт. Ҳоҷӣ ба худ омада бо пушти дасти пуррагўшташ сиришк сутурд. Лабханд кард. Сўйи амак сар ҷунбонд.
Маъниҳои ҳаракатҳояшро худаш медонист.
«Аз қадим ҳамин хел: камгап, амакаш».
— Ин хислати одамони нек, хоҳар.
— Ҳамин хел...
Амак ваъдаи китоб навиштанро доду андешид, ки мавзўи душвор аст. Ду асри ба ҳам наздик, ки одамони зинда чӣ буду чӣ шудашро медонанд. Ягон ҳарфи ноҷо... Не, ин хел не, «ноҷо» не, балки ба дархўрд ё суди онон нанависӣ, аз гиребонат мегиранд.
Кошкӣ чунин шавад, ки аз гиребонат гиранд... Лекин онҳо дигар хел рафтор мекунанд: нархи сабзиву пиёзро напурсида, рост ба асфаласофилин мефиристанд. Биринҷ оббардор шавад, ҳамин хел рафтор мекунанд. Сағираи бетағо пурзўр бошад ҳам, аз сояи худ метарсад. Зеро ў қонуну қарорҳои батабърасидаро медонад.
Сад мушт ба худ мегираду муштеро ба кас раво намедонад.
«Худатонро овора накунед, амакаш, – аз дил гузаронд ҳоҷӣ, аммо нагуфт. – Бо Ҳалими бегуноҳ чӣ кор карданд? Ҳакими ба роҳи худ ростро чӣ? Аз баҳри ин чизҳо гузаред. Ба ман китобпитоб лозим нест. Монед, боқии умрамро осуда гузаронам. Ин ҷаҳон лўбиёву каду будааст. Мо беҳуда даъво мекардаем: «зиндагӣ барин чизи ширин нест». Ҳамин қадар будааст, ки ҳама якбора нест гардад, масхарабозиҳои олам ҳам нест мешавад. Ҳангомахоҳу тамошобин ҳам намемонад. Дунё ба ҳолате мегардад, ки буд. Дар ибтидо буд, ки ҳоло мо наҳ мезанем: луччак мегаштанд.
Гиёҳу забза мехўрданд. Тарзи шикорашон оддӣ буд. Зану мард шарму ҳаё надошт. Ҳама чиз умумӣ буд... Сарам дард дорад, дилам метапад. Вагарна бисёр чизҳоро мегуфтам. Шумо ҳам, амакаш, ҳама гапро нагўед. Монед маишат кунанд; давру даврон ронанд.
Ҳама зинаҳои ҷамъиятиро тай накарда якбора ба авҷи тараққиёт расидан кори саҳл нест. Ин ҳамин хел, ки аз осмони нўҳум ба замин афтида бошӣ...» Ҳоҷӣ ба паси гўшаш нигарист, ки касе мегўяд чунин суханҳоро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор