Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худованд ҳисоб мекунад ҳамаи инро.
— Ҳамин хел, Ҳоҷӣ... Хуб, ки он рўзҳо ин ҷо набудед.


Ҳоҷӣ Абдуҳамид гоҳе ки аз дари бинои «Амрози қалб» ворид гашт, дар болойи дари дуввум байти ошноро хонд:

«Ҳар шаб ситорае ба Замин мекананду боз
Ин Осмони ғамзада ғарқи ситораҳост».
Сиёвуши Касройӣ

Ҳоҷиро ҳамин ном нав буд. Вагарна байтро дербоз аз ёд медонист. Ва чаро ин шоҳбайтро маҳз дар ҳамин ҷо шиъор кардаанд.
Пойи равонаш бозистод ва Халил ҳам чашм ба байт давонда чӣ байти олӣ будани онро дарёфт ва озори дили падарро пай бурд.
Баъд ба дасти рост гашта ба дари хонаи кории сарпизишки дил Соҳибназар наздик шуданд.
Ҷавони хушқомати нуронӣ, фатиламўйи шикастаабрў, ки ин марди майдонро медонист ва солҳои дар мактаби Вен ё Порвен хонданаш аз деҳа то Мушистон роҳи мошингард сохтани ўро бо чашмони худ дида, муаллими тарбияи ҷисмонӣ пойгаҳро дар ҳамин роҳи ҳамвор мегузаронд, дар ёдаш монда, ўро ҳамчун марди қаҳрамони меҳнат мепарастид, хуш пазируфт. Солҳои навҷавонӣ ва корномаҳои Ҳоҷиро ёд оварда, меҳмонро рўҳбаланд кард: «Шумо аз меҳнати зиёд андаке монда шудаед, ҳамроҳ дам мегирем.» Ҳоҷӣ чизе нагуфт. Ҳамон лабханди зераш як ман аламдоштаро сохт чун фиреби чашму назар. Аммо Халил фаҳмиду дар дил умед кард, ки гиряи чандин вақт боз силсилабанд шудааш баъди чунин хандаи одоб ба сиришк табдил наёбад. Зан ҳам
– модари Халил, ки вақтҳои охир аз Ҳоҷӣ ҷудойӣ надошт, ба лаби хандони шў нигариста, умед мекард, ҳоло барги бед барин ларзида, ҳиққа гирифта ашкаш нашорад. Худ аз худ чунин ҳол.
Аммо Ҳоҷӣ ин корро назди табиб ҳувайдо насохт.
Баъди пурсу посух Соҳибназар корномаҳои ўро ёд оварда, хотирашро болида дошт. Ўро ба хонае бурданд, ки ду кат дошту беморони номдорро он ҷо хобонида табобат мекарданд. Нигоҳубин ва табобати Ҳоҷиро ба пизишки ҳозиқ Навҷавону Муқбил вогузошт. Ҳоҷӣ ҳама дардашро ба эшон гуфт: сустӣ, тапидан ва ларзидани дилро ва худ аз худ арақ баровардани дилро. Аммо канда шудани риштаи дил ва маънии байти дар воридгоҳ шиъор кардани онҳоро изҳор накард.
Пас ноҷунбон, аз рўйи фармуди табибон, рўйболо хобид. Гўё дарди дили ўро бо доруву сўзандору ва оби муқаттар табобат карданд, аммо алами дили ўро ҷуз худаш касе намефаҳмид ва медонист, ки чунин дард бедавост.

пешина
аз 378
навбатӣ