Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Медонад, ки ҳайвонро хасу хошок бошад, хўрда мегардад.
Аммо Абдурауф ғами зиёд дорад: Нисо пир кард ўро. Чашмаш яку якбора хираву тира гашт ва чизеро надида монд. Шў буду шудашро сарф кард. Баччаҳо пули ғарибкориашонро ба доруву даво сарф карданд, суде набахшид. Абдурауф дар чашм айнак гузошта ҳиҷҷа карда китоби «Канзи шифо»-ро хонда, ҳар тавсияи дармони чашмро дида, аз рўйи он амал кард, аммо рўшание пайдо нагашт. Сахт ғам хўрд; зиёдтар аз худи Нисо ғам хўрд. Зеро ҳеҷ махлуқи рўйи замин мисли Абдурауф занашро дўст намедорад.
Ҳамин нуктаро Абдуҳамид медонад, аз ин рў онҳоро эҳтиром мекунад.
— Шумо он рўз набудед, Ҳоҷӣ Абдуҳамид. Шумо ҳаҷ рафта будед. Дар Работ арасот шуд. Ман ҳамроҳи шумо сохтани Работро дида будам. Вайрон карданашро ҳам дидам. Арасот буд. Кранҳо оварда буданд. Мошинҳои «Камаз» ҷамъ шуда буданд. Шабу рўз кор мекарданд. Саримсоқ, гўё ба қиёмат лаҳзаҳои башумор монда бошад, аз тори бом ба кранчиҳову симбурҳо дод мезад:
«Ин қадар меҷунбед шумо!?» Ҳеҷ намефаҳмидам, ки чаро ин қадар шитобкорӣ, ки дар сохтани Работ он қадар шитоб накарда буданд.
Хаёл мекунам, ки бим аз шумо доштанд, Ҳоҷӣ, ки ана-ана меоеду дасти вайронкоронро бозмедоред. Э Саримсоқ дод мезад-эээ...
Як болгарка будаст – чӣ будаст, ки алмос барин симу арматурро мебуррид. Кран плитаҳоро мебардошту тори мошин мегузошт ва мошинҳо сарнишеб мешуданд. Кран аз паси онҳо рафта, дар куҷое борро фуроварда, боз меомаданд. Сонӣ деворшиканиро мегўеду хишткашониро мегўеду... Қиёмат, қиёмат... Сонӣ ба қубурҳо часпиданд. Як сардори матлубот ҳаст-ку, тез-тез миҷа зада, дар умраш як ҳарфи рост намегўяд.
— Намедонам...
— Ҳа, ҳавай-дия... Саримсоқро пеш-пеш карда овард. «Мо ин турбаҳоро харидем» гуфт. Сонӣ шабу рўз оҳан буриданд. Боз ҳамон крану ҳамон «Камаз»-ҳо омада бор карда бурданд. Ман дидам, ки вайронкорӣ чӣ осон...
— Вайронкор вайрон мешавад.
— Ҳамин хел. Турбаҳо ва симҳои сари симчўбҳоро ба афғонҳо фурўхтаанд. Бор карда тарафи Душанбе фиристодаанд. Шириншо зорӣ кардааст, ки дашти Амондара месўзад, турбаҳоро диҳед, об барорем, надодаанд. Шумо арзон мегиред, гуфта надодаанд.
— Доллар?
— Ҳооо...Як плита – сад доллар дар худи Панҷакат. Як метр турба намедонам, чанд доллар будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор