Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳоҷӣ Абдуҳамид чанд тан ҳоҷиҳои ҳамроҳ ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара зиёрат рафта омадаро ҳамроҳ ба талбони Абдурауф бурд ва чун соҳибхона онҳоро гуселонда, сонӣ ҳамроҳи ў ба Работ омад. Аз работ пайҷо монда буд. Валу вайрон ва хазонзадаву мурда буд Работ. Ҳоҷӣ Абдуҳамид чизе гуфта натавониста дилаш гирист ва бемадорона дар ҷое нишаст, ки замоне суфа дошт ва сояи сада.
Он қадар дур нарафтааст он солҳо. Сохтану обод кардан ва ба бало гирифтор шудан ҳам чандон дур набуд. Аммо аз намуди харобот ва бо теша ё табари кунд занона ё худ баччагона буридани садаи дастнишондааш бармеояд, ки ин ҷо баробари қасри Спитамон, Куҳандиж ё тахти Деваштиҷ обод буд ва ё баъди омадани Искандару Араб, муғулу чуғул, ё худ баробари озодгарони халқи тоҷик, ё расидани пойи Батошу Қатаған ба чунин ҳол расид. Ў дар пайҷо нишаст. На аз барои дамгирифтан ва ё фароғат, балки аз беҳоливу бемадорӣ нишаст. Зеро кайҳо дилаш об шуда пеши пояш рехта буд. Ў чизе напурсид, Абдурауф ҳам чизе нагуфт. Нагуфт, ки кадом корчаллони сохтмон зери дасташ ба ду пули пучак ин манзили ободро гирифта, сангу хишт ҷудо, оҳану бетон ҷудо, пилта ҷудо, панел ҷудо, чўб ҷудо, шифер ҷудо фурўхта пул кард ва касе надонист, ки он пул куҷо рафт ва ба пули гирифта ҳатто шефири чунин сохтмонро харида намешавад.
Онсўтар боғу роғ ҳам дар чунин аҳвол. Як саҳрои дар замони Доқёнус ҳамвор кардаву сангаш чидаро мемонд, вале ҳоло боз санг рўйидааст. Як ҷўйи дароз меравад то сари канал. Чунон намояд, ки аз тор ба зер об мебурда бошад. Ҳол он ки ин ҷойи қубури обест, ки Абдуҳамид сохта аз наҳр ба боло об кашида буд. Хоначаи дами обкашӣ ҳам валангор ва трансформаторро, ҳамчунин симу симчўбҳоро канда бурдаанд. Чӣ хел нагиряд дили Ҳоҷӣ? Аз оғилу саисхонаҳо ва молу ҳол дараке нест. Ҳоҷӣ яқин мекунад, ки аз рамаи гўсфанд низ нишоне намонда: гўё ҳама қатори Абдуҳалим шуда. Чӣ сон нагиряд дил?
...Ў намедонад, ки дар баданаш чӣ қадар рагу рагчаҳои хунгузар ҳаст, лек донист, тори нахустини он хеле нозук, ғамангез ва ниҳоят сўзон канда шуд. «Рахна шуд» такрор кард дар сар, аммо касеро нагуфт, ки алами ҳама дардҳову ранҷҳо ва озурдадилиҳо як сўву алами гусастани тор як сў.
«Дунёро дигар мекунем» гуфтагиҳо воқеан ҳам дигар карданд.
Аммо дунёро неву сохти давлатдориро тағйир доданд: Тоҷикистон республикаи бародарӣ буд, «Муштарак-ул- манофеъ» шуд. Вале ҳисобчие нест, ки суду зиёнро муайян карда тавонад.
Ба ҳамин маънӣ канда шудани тораки дилро эътиборе надода, оҳиста ва хеле номаълум гўшаи чашм кард Абдурауфро, ки зиёдтар аз Ҳоҷӣ мубталойи дард ё андешаҳост ва ниҳоят пир шудааст; аз Саманди чўгур ҳам пиртар, ки ҳоло дар асписти Саратоғ чӣ аҳвол дошта бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор