Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт ба хурўш омада буд ва аз забондарозиҳои беақлонаи Қорӣ хашмӣ гашта, дарро канда баромада ба вай дарафтода, он қадаре, ки дар он ғарибхона кўфтаву зада буданд, бихост бикўбаду бизанад; алам ситонад. Лек дурўғи Халил фош мешавад, гуфта, ин корро накард ва чун аз тиреза ба мошин савор шуда рафтанашонро дид, боз хеле таваққуф кард. Магар ба андеша рафтани бародарро дониста хомўш истод, то халал нарасонад ва ё нигарон буд, то Халил дарро кушода, даъваташ кунад. Аз дер садо надодани бародар ташвиш кашида, дарро кушода назди Халил омад. Ба қавли Қорӣ, Халил ба рўйи Ҳаким нигарист, ки механдад. Халил низ хандид ба ҳоли ў, ки чӣ аламҳо мегузарад ва чӣ хотироти талх гузашт, вале ў механдад. Одами хандон. Ҳаким ин ҳолро дида, аввал ҳайрон шуд, сонӣ хандид.
Ва ҳарду баробар хандидан гирифтанд.
«Ман рўзи ҳисоб бо вай вомехўрдаам».
«Хуш умри дарозе».
«Ба назарам, ин чиз рўзҳои наздик бояд баргузор гардад».


Дар синаи чапи Абдуҳамид як тори ниҳоят борик канда шуд; ҷояш ба сўзиш даромад. Аммо ў надонист, ки ин чӣ тор аст. Пеш аз ин дард мекашид, месўхт ва даруни қафаса тап-тап мекард. Аз ҳолат меравондаш. Сонӣ дар дасти чап дард пайдо мешуд. Аммо чунин канда шудани ришта ё тор нахустин аст, ки чун ришта бигусаст, ба кор наояд. Гиреҳ кунанд ҳам, дар лагандаи кўрпа метобад. Аммо ин тор дигар: ҳамон барин, ки молро кушта пўст канда дар гармиаш рону шонаро теғ ронанд, аз рагчаҳои бурида хун мезаҳад. Ҳатто аз рагчаҳои дунбаи сафед ҳам, ки зуд ба чашм мерасад. Ҳоло Абдуҳамид ҳамин чизро пеши назар овард, ки як тор бигусаст. «Одат, ки шуд, пайи ҳам гусастан мегирад.
Навбат ба рагҳо ва шоҳраг мерасад».
Ғамӣ гашт Ҳоҷӣ Абдуҳамид. Ҳарчанд писарон намегузоранд, ки ба пойи падар хор халад, аммо рўзгор, замон ва пирӣ корашро мекунад. Падарро ҳаҷ фиристоданд, зиёрат карда омад. Аз Марғедар замин гирифта доданд. Хонаву дар кард. Масҷиди гузар сохт. Вале гоҳе, ки ворўйиҳо мурдаи ғезаниро «омада» гуфта дар қабристон роҳ надоданд, дилаш аз ин манзил ҳам монд. Бо вуҷуди он дар саргаҳи кўчае, ки масҷид бунёд кардааст, гўристоне бунёд шуд, ки аввал бародараш Абду, сонӣ писари аз Халил як сол калон Ҳалимро дар гўшаи тарафи офтоббаро ба хок супурд.
Мурдан меросӣ бувад. Вагарна Худованд мурдани муҳиббонашро раво намедонист. Сарбории ҳама ғаму озорҳо Работи вайрона шуд: Абдурауфи боғбону подабони даврони раисии Абдуҳамид ҳоҷиталбон кард нону намакхўрдаро.

пешина
аз 378
навбатӣ