Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй бачча, ширк макун, он навиштаҳора ҷуз худаш касе хонда натавонад.
— Рост мегўйӣ, Қорӣ: ман довар нестам. Шукр мекунаму ширк не. Лек бояд аз ту дод ситонам. Бубинем, ки дар пешонии ману ту чӣ навишта шудааст. Магар дар пешонии ман навишта шудааст, ки пул дорам ва ту хондӣ, ки чунин бадкорӣ кардӣ?
1
— Мо бекас нестем, бачча. Дар Минфин ҳам одам дорем.
— Кӣ одамат?
— Инро ман намедонам. Ҳазрат медонад.
— Ҳазрат...Ҳазрат... Ин ҳамон, ки тасбеҳаш ба Замин мерасаду оҳаш ба Осмон?
— Ҳо, Ҳазрат ҳамин хел бузургвор.
Милисаи аввал безобита шуд, ки онҳо ба кадом самт фурў мераванд ва ба пархош меоянд ва ҷангашон аз ҷанги бародаркушӣ ҳам сахттар мешавад. Зеро умқҳои ун ҷангро низ касе намедонист ва шўхиву тўҳмат омехта, ба хуни сурху сиёҳ табдил ёфт. Ў, ки шоҳиди бисёр кирдорҳо ва ҳодисаҳои нохуш буд, зудтар аз ин ҷо бурун омадан хост:
— Шумо дигар дар рўзи ҳисоб вомехўред.
— Дар рўзи ҳисоб? Ман намехоҳам, ки дар он дунё ҳам бо чунин касон рў ба рў бошам. Умеди инҳо аз он дунё зиёд аст.
Лекин дар ин дунё хун рехтаву ғорат кардаву кўдаконро ятиму берўзӣ карда, умеди биҳишт кунанд... Ман аз Худо талаб мекунам, ки агар ба чунин касон аз биҳишт ҷой диҳад, маро рост ба дўзах бифиристад.
— Кофир!
Ин ҳарфи охирини Қорӣ буд. Сонӣ милиса ўро гўсолаи башохбанд барин кашола карда баровард.
Халил аз паси онҳо набаромад. Аз тиреза ҳам нанигарист, ки онҳо куҷо мераванд. Дар курсӣ нишаста, сахт ба андеша рафт.
Парешон буданд фикру андешаҳояш. Дурусташ, ҳеҷ гуна фикри яклухт надошт, чунон ки зиндагӣ ва корубори он берабт шудааст.
Аммо хотирот ва ташвишҳое, ки рўзгор дар мағзи сари ў ба ғалаён оварда, бо мурури замон оҳиста-оҳиста фурў нишонда буд, боз барангехт: «Ин чӣ шўрест, ки як ранҷбар дар ду аср зиндагӣ карда, аз яке хушрўзӣ набинад? Аз рўйи баъзе шунидаҳо чунинонро дар ду ҷаҳон озор медиҳанд. Касе дар ин дунё бо роҳат зиста бошад, дар он дунё ҳам роҳат мебинад; ранҷу азобу шиканҷа дида бошад, дар он дунё ҳам насибаш ранҷу азобу шиканҷа мешавад.
Дар ин дунё шоҳ бошад, дар он дунё ҳам шоҳ мешавад. Гадо бошад, гадо... Пас... пас... пас чӣ? Ба чунин пурс касе посух дода наметавонад».

  1. Вазорати молия Ҳаким дар хонаи дарун дарашро қуфл карда, аз паси он муколамаи эшонро гўш медод.
пешина
аз 378
навбатӣ