Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро?
— Ҳамин. Лекин вай зардина буд. Ин сафедча.
— Дурусттар нигоҳ бикун, Қорӣ. Шояд аз алами ту сафедча шуда бошад.
— Чум...
— Худут мешиносӣ, маълим, Қорира?
— Чашмони ман баста буд. Лекин овозаш шинос.
— Ина! Худута шинохт, Қорӣ.
— Не. Ин набояд шиносад. Ин Ҳаким нест. Акашай –Халил.
Вай хандон. Занӣ, кўбӣ ҳам, механдад. Ин одам зуъм дорад.
— Ҳакима хуб задӣ-а, Қорӣ? Чашмонашро баста задӣ, ки нашиносад. Лекин ман пўсти туро дар чармгарӣ мешиносад. – Хест Халил. – Чӣ хел задӣ? Ана ҳамин хел?
Милиса намонд, ки Халил занад Қориро:
— Мо барои задан, занондан ё қасос гирифтан наовардаем ўро. Овардем, ки якдигарро мешиносед ё не? Воқеан дузду дуздида ҳаминҳоянд ё касони дигар?
— Қорӣ одамшинос будааст. Ман бародари Ҳаким. Худи Ҳаким дар Амрико. Хонданӣ рафт.
— Нагуфтам, ки ин Ҳаким нест! – вағғид Қорӣ.
— Ман бародари Ҳаким. Ҳар масъала ё мушкилоте бошад, аз номи ў ҳал мекунем.
— Мо аввал худта бурданӣ будем...
— Пас чаро набурдед?
— Маслиҳату машварат кардем, ки агар Халилро гирем, одами пул медодагӣ нест. Ҳакимро гирем, Халил пул ёфта метонад.
— Пул чӣ лозим ба шумо?
— Кира пул лозим нест, бачча? Лашкарро хурондану пушондан лозим. Мо бонк надорем. Ҳеҷ даромад надорем. Истеҳсолот нест.
Давлат нигоҳ намекунад.
— Магар шумо лашкари давлатӣ-ҳукуматӣ ҳастед?
— Бошем-набошем, нафс дорем. Барои намурдан хурдан лозим.
— Қорӣ, ба ин гапат ҷавобу саволи зиёде ҳасту гуфтанашро раво намебинам.
— Бугу, бачча, бугу. Шарм накун. Озодии сухан, гуфта, мо ба ин руз расидем.
— Хуб. Барои хоҳишат мегўям, Қорӣ.
— Бугу – бугу!
— Он қадар одамоне, ки мурданд дар ин ҷанг, нахўрданд, ки муранд?
— Ин кори Худо. Дар пешониашон навишта шуда будааст.
— Ку, акаи милиса, бихон, ки дар пешонии Қорӣ чӣ навишта шудааст.

пешина
аз 378
навбатӣ