Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Салом, йигитҳо! Таҳҷойӣ ҳастед?
— Ҳо, – посух дод Эшон.
— Ин ҷо ягон корхона ҳаст?
Онҳо ба якдигар нигариста чӣ ҷавоб гуфтанро надонистанд.
Эшон пурсид:
— Чӣ буд?
— Ҳаким гуфтани одам кор мекунад?
— Як Ҳаким буд, ки дуздиданд.
— Э баччааа, ана ҳамун даркорай.
— Буд, лекин ҳозир нест.
Милиса даҳон кушод, то чизе гўяд, Ҷўра «Ман мефаҳмам»
гўён тозон ба ошёнаи дуввум баромад. Ва бо ҳамон шасте ки рафта буд, омад:
— Агар Ҳакимро дидан хоҳед, ҳўўў ана ба ҳамон ошёнаи дуввум буроед, – тирезаро бо даст ишора кард Ҷўра ва пеш даромад, то милисаро он ҷо барад.
Милиса аз дар даромада «кист Ҳаким?» гўён пурсид.
— Ман!
— Худи худут?
— Ҳо. Чӣ буд?
— Ҳамон Қории худта дуздидара дошта овардам.
— Куҷост?
— Дар мошин.
Милиса гашта рафт, то дуздро биоварад. Халилу Ҳаким аз тиреза нигоҳ карданд, ки ў назди мошин рафта, қомат хам карда чизе гуфт ва дари мошин кушода шуда милисаи дигар баромад.
Вале дасти чаппашро ба зудӣ кашола карда гирифта наметавонист, балки касеро берун мекашид. Аз паси ў каси дигар баромад, ки дасти чапи милиса ба дасти рости ў ишкелбанд гашта буд – як нўги завлона дар банди дасти милиса ва нўги дигараш дар банди дасти одами ришдор. Онҳо мурғобӣ барин қатор шуда сўйи корхона мерафтанд.
«Мешиносӣ?» – пурсид Халил аз Ҳаким, ки аз рўйи эҳтиёт дар хонаи дигар пинҳон карда, ҳоло омадани онҳоро тамошо мекарданд «Не. Ман он вақт чашмбанд доштам».
«Ҳамин ҷо бош».
Ва Халил баромада ба курсии кории хеш нишаст. Онҳо омаданд. Баробари аз дар ворид гаштан милисаи аввал аз ришдор пурсид:
— Мешиносӣ, Қорӣ?
Қорӣ хеле нигоҳ кард, милисаро кашола карда наздиктар омад.
Вале милисаи даст ба даст ўро пас кашид.
— Шинохтӣ?
— Ҳамин. Боз мегум, ки ҳамин не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор