Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

ДАФТАРИ ЧАҲОРУМ
Беруни дарвозаи корхона мошини «Жигули»-и 07-и осмониранг бозистод ва дер вақт дараш кушода нашуд. Мазмун, касеро меҷустанд ё рафтори касеро мушоҳида мекарданд. Баъди хеле муддат они фурсат расид, ки дари пеш боз гашт ва милисае бурун омада, шапкаи дастро ба сар гузошт ва бинои дуошёнаро сар боло карда он қадар нигарист, ки ин бинои назарногири пештар сохта ба осмон часпида бошад. Хушаш наомад. Баъд ба дарвозаи бинои чаҳорошёнаи навсохт, ки ба бинои кўҳнаи ба шакли ҳарфи «Г» бунёд гардида ҳамсоя буд ва рангу масолеҳи беҳисоб сарф карда, сахт орову торо дода буданд ва тунукаи мавҷдори қирмизиаш ҳам барои чунин шаҳри офатзадаи ғанбор тоза метофт, наздик омада, аввал дуздона атрофу акнофро аз назар гузаронд, сонӣ тугмаи дарунтари девор гузоштаро пахш кард.
Баробари боло шудани садои занг, ки милисаро ба гўш нарасид, як саги аз даҳшату овозаш одамхор вағғидаву шўрида паси дар омад ва панҷа ба роғи зери дарвоза гузошта ва фўк миёни ду панҷа халонданӣ шуда, сарсина ба замин пахш карда ғуррид.
Ҳарчанд ин паҳлўву он паҳлў гашта сару суроби одамро бинам мегуфт, ҷуз туфлӣ ва шими хокиранги мағзиаш аз рахи сурх дигар аъзои меҳмонро дида наметавонист. Меҳмонро ва соҳибхонаро садо ва ғурришу ситези саг кифоя буд, вале милисаи беқарор, ки чунин корҳо одат кардааст, барои тезонидани кор, боз тугмачаро пахш карда, ғазаби вафодорро меафзуд. Хулоса, касе аз соҳибхонаҳо наздик наомад ва ў ба дўконҳои қатори дар роҳи миёнаи гулгашт сохта нигарист, ки аҷаб корҳое мекунанд. Ин ҷо гулгашт буд, файласуф Раҷабӣ фурсат пайдо кунад, ба ин ҷойи саёҳатбоб баромада роҳравон китоб мехонд. Ҳоло роҳи мошингардро бастаанд, бо пайроҳаи одамгардӣ тарафи ҳавлиҳо гашта намешавад, мошинҳо ва одамон гирд гашта аз назди ин бинои замонасохти кадом қумондон мегузаранд ва сўйи масҷиди Сари Осиё мераванд.
Баъди андешаи зиёд, ки шаҳр ҳам обод мегардаду ҳам вайрон, ба дарвозаи кушоду васеъ омад милиса. Ин рахна дарвоза надошт.
Рўзҳои муташанниҷ ҳамсояҳо бо пули миёна дарвозаи оҳанӣ сохта, ба дарвоза ду қуфл ва ба дарича як қуфл андохта ба ҳар хонадон калид дода буданд, вале рўзҳои сахт «дар ин бино душман пинҳон шудааст» гуфта, як танк бо пештанааш дарвозаву деворро тела дода ба дарун бурд, Тоҷикистон тинҷ шуда бошад ҳам, касе ба дубора сохтану дарвоза монданаш ҷуръат намекунад.
Дами дарвоза як ҷавони риши кўтоҳ монда, ки Эшонаш ном мебаранд ва як ҷавони дигар, ки Ҷўра мегўяндаш, дар чӣ маслиҳат буданд ва ё баъди рабудани Ҳаким навбатдор меистоданд. Милиса наздик ба онҳо омад ва фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор