Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳаким, ки ҳоло дасташ аз дасти капитан ҷудо нагашта буд, қариб ўро кашолакунон гўшаки телефонро гирифт.
— Ало... Ҳа, ман... Куҷо?... Э, нейе!... Наравед!...
Ва ҳанўз капитан дасти асирро раҳо накарда, ду мошин омада назди дарвоза қарор гирифт. Бародарони Ҳаким ва ҳамкорон омаданд.
Халилу Ҳаким якдигарро оғўш гирифта дуру дароз хомўш, ором, чашмпўшида истоданд, ки ба хомўшиҳои падарашон монанд буд. Яқин хаёлашон ба падар рафта буд, ки коре мешуд ва ё ҳодисае мешуд, падарро чӣ ҷавоб мегуфтанд?
Баъд дертар ҳамдигарро дур тела додагӣ барин дастҳо ба бозуи якдигар сахт ба рўйи ҳам нигаристанд. Аз нав ба оғўш кашида, сонӣ табассумкунон ҷудо шуданд, то ба дигарон навбат расад. Халил фармуд:
— Албатта ягон кор кардӣ?
— Ба шумо як милён доллар фоида овардам.
Ҳама баробар хандиданд. Халил бо милисаи шинос вохўрӣ кард.
Ва занги телефон боло шуд.
— Дада, бобом!
Халил зуд гўшакро гирифт.
— Лаббай!... Тинҷӣ... Кӣ гуфт?... Шумо ба гапи одамон бовар намекардед-ку?... Ҳамин ҷо... Ҳаким, бо Ҳоҷибобо гап зан!
— Ало, додо! Ҳама нағз?... Очем нағз?... Хуб... Меравем...
Баъди фурсате милисаро ҷома пўшонданд ва хоҳиш карданд, ки аз пости Варзоб гузаронад. Мабод, ки роҳро банд карда бошанд дуздон.
— Бист дақиқаи дигар ҳаст то бохабар шудани дуздон аз фирори ман. – Изҳор кард Ҳаким.
— Ваъда бензин буд, – оҳиста ба гўши ў фиччонд милиса.
— Халил, мошини Шарифҷон дар роҳ монд. Ман ба ин кас бензин ваъда кардам.
— Аввал Шарифҷон моро аз пост гузаронад. Сонӣ мо ўро аз пост мегузаронем... Бензинро ба мошинашон мерезем... Ва рафтем...
Корхона ба умеди Комрон.
— Комронро дузд барад, майлаш-а? – Комрони орому хомўш ҳам боре лаб кушод.
1
— Комронро як бор бурд, дигар намебарад. – Шўхиҳо аз хурсандӣ буд, ки гумгашта пайдо шуд.
Чунон ки хостанд, шуд ва бародарон падарбинӣ рафтанд.
- Шонздаҳуми декабри соли 1992 латтабандҳо дар маҳаллаи ДОК, дар назди Тоҷикбакалея мошини Комрон – Газ-24, рақами давлатиаш: В 01-06-ро дошта, худашро бо хости як шинос раҳо карда, мошинро бурданд. Баъди яку ним сол мошин аз шўъбаи Корҳои дохилии Файзобод ёфт шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор