Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ин гурўҳ ба гурўҳи сеюм тааллуқ доранд... Ҳеҷ ислоҳ карда нашуда истодааст. Лекин сардори нав тадбирҳо мекунад, ки ин масъала яктарафа шавад.
— Яъне вазири шумо?
— Не. Сардори давлат.
«Таксӣ!»
Холӣ. Намедорад. Шояд ҳолати дастбанд доштанашон сабаби надоштанашон бошад. Ё бим аз милиса доранд, ки ройгон мебарад.
Ба ҳар ҳол раҳораҳ мерафтанд. Тақрибан роҳро ним карда буданд, ки як мошин худ аз худ омада паҳлўи онҳо истод ва дили Ҳаким фурў рафт, ки дуздон шинохта, доштанд мошинашон.
«Капитан, бифармоед!»
Капитан аз рақамаш шинохт, ки чанд рўз пеш ронандаро аз як бало раҳонида буд. Ҳоло шинохт.
Аз ҷон хуштар нишастанд. Ва капитан дар роҳ мондани мошинашро изҳор кард.
— Парво накунед, капитан. Коратон, ки буд шуд, гардонда меорам.
— Ташаккур, Шариф, кори мо зиёд....
— Ба тарафи рост гардонед... Ҳамин ҷо, назди гаражҳо доред. – Худро соҳибхона дониста ва шерак шуда гуфт Ҳаким, – Ба пойи мошинатон хор нахалад! Як дақиқа сабр кунед. Ман пул барорам.
— Пул лозим не, бародар. Барои капитан ҳар қадар хизмат кунед, меарзад... Хайр!
— Бо як мошин фук ба фук шуда буд, халосаш кардам. Барои ҳамин...
Арз кард капитан хидматашро.
Баробари дидани табор Ҳаким механдиду аз чашмаш ашк мерехт. Онҳо ҳам ашк мерехтанд, ки теғи замона хунрез аст. То пагоҳ зинда буданро касе кафолат намедиҳад. Гўё касе ба касе кор надорад, мебинӣ, ки аз зери пой фалокате хестааст.
— Ин хонаи ошнотон – Халил, капитан.
— Баччаи хубай Халил... Ин духтарак ба Халил монанд.
— Духтари Халил... Манижа... Духтари амакаш... – Ва гиристанд. Як даст дар ишкел ва бо дасти дигар духтарро бардошта, бўйидаву бўсида, ҳоло ба замин нагузошта буд, ки занг зад телефони беруни дар.
«Дадем!» дод зад Манижа ва худро аз бағали амак ба замин партофта, тозон рафта гўшакро бардошт:
— Ало!... Амакам! Дада, амакам! – дод зад ў ва аз шодӣ меҷаҳид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор