Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳоҷӣ-бобо, ин духтари нағз маҳтал шуд. Ман боз меоям.
Лекин шумо қиссаҳоятонро ба ёд оред...
«Амакаш ба шаҳриёр нома менависам, гуфт. Албатта шўхӣ.
Ман мефаҳмам: ин чизро ба хотири ман гуфт... Навиштанаш хуб.
Лекин ман бояд ба ў мегуфтам, ки дигар чиз нависад; бояд хизматҳои шаҳриёрро нависад. Ҳадафи амак ҳам чунин. Лек андеша мекунад, ки мардум «барои тамаъ навиштааст» мегўянд. Не. Амак ин хел одам нест. Аз пайи мансаб, моли дунё ё унвону мукофот намегардад. Фикраш ҳамин, ки дар ин дунё ягон кори нек бояд кард. Шаҳриёрро ном гирифтанаш ҳам ба чунин маънӣ. Ин қадар коре, ки Шаҳриёр кард, тамоми халқ якҷоя шавад, сомон карда наметавонад. Чунки як бор якҷоя шуда коре карданӣ буданд, аммо якдигарро куштаву фурўхта, мардумро ба забунӣ оварданд. Амак ин дафъа биёяд, қоматамро бардошта ҳама андеша ва таассуротамро дар бораи Шаҳриёр мегўям. Мегўям, ки Шаҳриёр одами хуб, аммо атрофаш бекора. Одамони аз таги дор гурехтаро... Не...
ҳарфи зиёд лозим не. Фақат мегўям, ки нависад. Шаҳриёр одами доно, тавоно, пуркору боғайрат... Зиндагиро, рўзгори мардумро, шароити ҷумҳуриро, каму кости ҳаётро; нақшаҳои ояндаи мамлакатро; пешрафту паскаши мулкро ва ҳама кору бори Тоҷикистонро он қадар хуб медонад, ки ягон нависанда, рўзноманигор ва алломаи миллататон намедонад. Нависандаатон баробари Шаҳриёр бинаду донаду тавонад, сонӣ асар нависад, шояд ягон зарра хонандаро таъсир бахшад. Бо он ки ин ўро кушт, ў инро кушт, менависад, ҳеҷ деворро рангин нишон дода наметавонад...»

Ҳоҷӣ чашм кушода, ба бутали дасти пизишкёр нигарист, ки ҳоло дар пўки он сўзандору мехалонад, наяк пайваст мекунад, воруна ба дор мекашад ва сўзани сари дигари наякро ба раги хами оринҷи ў мехалонад; қатра-қатра қандоб (глюкоза) ё оби муқаттар ба хунаш меомезад. Ба назари зан ҷони Ҳоҷӣ дард меёбад, ки чашмонашро пўшида, лаб мегазад. Ҳамсари Ҳоҷӣ ҳамаро бурун меорад, ки бемор ранҷ накашад. Рўшан нест, ки чашм пўшидан ва лаб газидани шў аз чӣ хотир аст.
«Азоб намедиҳад?»
Пурси пизишкёрро шунида чашм кушод ў ва баччаи ранҷида ва озордида барин нигарист ба ў, сонӣ сар ҷунбонд: «не». Духтарак дуртар аз бемор нишаста ҳамроҳи зани Ҳоҷӣ паст-паст сўҳбат мекарданд.
«Шўтон чанд- ба даромаданд?»
«Дами ҳаштод-ба».
«Ҷавон метобанд».
«Ғами фарзандон ин касро соф кард... Ҷудо бардам буданд».
«Худо хоҳад, нағз мешаванд».

пешина
аз 378
навбатӣ