Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асир посух нагуфта даст ба сар бурд, то чашмбанд аз рўй гирад. Аммо бо ишораи командир хизматгор дасти ўро боздошт ва ба гўшаш садои насиҳатомез расид: «Ита накун!»
«Сағра, акат пул доштай, розӣ, чида хдут пул надорад мегуй?»
«Командир, дошта бошад, диҳад, ман яка ба ҳазор розӣ, мошину хонаамро ҳам медиҳам, лекин маро аз ин ҷо раҳо кунед.»
«Ҳавои тоза мефорад?»
«Не, мехоҳам, рўйи туро бинам...»
«Дар он дунё мебинӣ».
«Ман розӣ!»
Як дарра ба сари Ҳаким расид ва доди командир баромад:
«Мехоҳӣ ман мурам?»
«Ин кор аз дасти ман наояд, командир.»
Дарраи дигар расид ва Ҳаким қарор дод: «Ҳазор сухан гўяд ҳам, набояд посух гардонам».
Чик-чики рақам гирифтани телефон баромад.
«Ало! Халилӣ?... Ина гап зан!... Сағра, масъалаи пул... Аз як милён кам нашавад...»
«Гуд-гуд-гуд...»
«Ҷиқидиш?»
«...»
Боз дарра хўрд ў.
«Паъат, акат розӣ... Ту намға менӣ...»
«Акам, ки розӣ бошад, чаро мезанӣ?»
«Шумо муғулҳоро задан даркор...»
«Ман муғул нестам, ман аз диёри Рўдакӣ...»
«Рўдакетам муғул буд...»
Ин замон асир гирист. Вале ашки чашм ва гиряи дили ўро командир намедиду намешунид. Сараш гирд гашт. Чашмонаш сиёҳӣ зад. Андарунаш ғулғулае пайдо гашта ғарора овард ва зери обу арақ монда, аз худ рафт. Афтид, Ҳаким афтид. На аз зарби дарра, балки аз бемадории дил ва нанг. «Бо инҳо баробар шудан лозим нест... Ҳеҷ чизро намефаҳманд. Чунон ки худашон мегўянд:
«сарашон задагӣ.»
Асир низ андом, қиёфа, ғазаб, дандонсойӣ ва сурху сиёҳ шуданҳои командирро намебинад. Ў ба танг омадааст. Гўё ҷонибдорони Ҳаким корро кашол медиҳанд. Базудӣ пул ба даст наояд, чанд кори дигар мемонад.
Касе бардошт ўро. «Ман тура шурбо овардам. Хнук нашуда бихур... Маслиҳати буродарона ҳамин, ки гапи командира нагардон. Хуб бугу, корат нағз меша... Пулра одам меёбад. Зинда баройӣ, пул меёбӣ. Пул ҳам чиз шуд, ки барои он одам худа ба бало гирифтор кунад? Шурбора бихур. Ага не, гушнагира мемрӣ...
Ҳар чӣ дилат кашад, бугу, меорем. Пулша акат метад...»

пешина
аз 378
навбатӣ