Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хомўш буд Ҳаким. «Ин хел усули найрангро низ омўхтаанд.
Аммо одамият надоранд. Наход кас сардафтари тамаддуни худро чунин ном барад. Маълум... Аз суханонашон маълум, ки тоҷик нестанд; тоҷикӣ гуфтанро ёд гирифтаанд.»
Командири сахт ба танг омада барои сипоҳигарӣ ё ҳукму зарби хешро гузаронидан буд, ки ба сари пешкор шўрид:
«Нахўрад, таваллош накун! Балора хўрад. Ман ба атам хизмат накардам... Ира хизмат кунам, ноз дорад. Нахрӣ, нахир!»
Хонаи сахтбуну сахтдевор, ки Ҳаким аниқ накард барои чӣ сохта шудааст, хомўши хомўш шуд. Ҳар кас ба таври хеш андеша дошт, вале касе чизе гуфта наметавонист. Командир аз кадом филм омўхтагӣ барин рўйи хона қадам мезад асабиёна ва риш қабза мекард, ки қасос аз касе мегирифта бошад.
«Ҳуй бикун!» сахту бошиддат бигуфт ў ва пешкор баргашта ҳайрон нигарист; суоломез ҳам буд: «Киро?»
«Дара ҳуй мон... Ин ҳайвон бўй гирифтаст...»
Барои кафшери сухан гуфт ў, то сарриштаи сўҳбатро пайдо кунад. Ҳол он ки ўро чунин баҳона зарурате надорад. Зеро ҳар коре хоҳад, ҳар чизе гуфтанӣ шавад ва заданӣ бошад, ўро баҳонае ё сабабе лозим нест. Якрост мекунад корашро. Бе ҳарфу калоча дарра мезанад ва дар лаби обу сари бора тир меандозад ва ба мурдан ё намурдани кас эътибор надода, меравад. Аввалҳо чунин феъл дошт. Сонӣ ба худ омада донист, ки аз чунин куштор суде нест, роҳи пулкоркуниро ёд гирифт. Пулдоштагону ба шарти ў розӣ шудагонро раҳонид; пул надоштагону роҳи халосӣ наёфтагонро аз сари вартаи паси гўристон бодбарак кард. Ҳолиё ҳар кори кардааш пеши назараш ва дарди сараш, ки гирифт, фаромўш мекунад. Қайсарии асирро дида дандон месояд, ки чӣ кор кунад бо ў: «Бодбарак...»
Ва Ҳаким бонафрат гўш медод суханони канда-кандаи ўро.
Хуни тезашро базўр оби сард мезад ва ҳамаро ба шикебойӣ ва сабр иваз карда буд; мағзро хубтар кор мефармуд, то илоҷе пайдо шавад.
«Мара!» ҳарфи пасти командир омад ва пешкор аз ҷайбаш халтачаи салафаниро бароварда, ба кафи командир нос андохт.
Командир чун дигарон онро таги забон наандохта, балки кам-кам миёни нарангушту сарангушт гирифта, соид, пасон ба бинӣ кашид; чанд бор кашид, то тамом шудани нос ва ба атса задан сар кард. «Апишӣ»-и зиёд гуфт ва аз чашму биниаш об шорид. Шояд умедвор буд, ки асир дуои нек мекунад: «Пири бадавлат шав! Ё саломат бош!» мегўяд, вале ў хомўш буд ва бўйи носро шунида чӣ кор кардани командирро дарёфт ва лаҳзае нагузашта, низ ба атсазанӣ сар кард. Аммо биниашро медошт, ки садояш набарояд.
«Пих! пих!» карду монд. Медонист, ба табъи латифи командир намефорад ва баҳона карда сўяш меситезад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо