Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳайрони ҳайрон буд ў. Ҳарчанд медонист, ки чунин пайдогарӣ дар олам расм шудааст, вале ҳайрон буд, ки чаро чунин шўхии безебро бо вай карданд. Бўйи нон, бўйи тухмбирён иштиҳо кушод, луоб ҷудо шуд, лек ў чизе хўрданӣ нест. Зуъм дорад, ки овардаашонро нахўрад, онҳо раҳму шафқат мекарда бошанд? Воқеан нахўрд, то харобтар гардад ва ишкел аз пояш барояд. Равғани онро дар пошнаву ошиқи пой молид, то лағзон гашта ҳалқа аз банди пой бадар ояд. Равған кам буд: олудаи табақи чўбӣ, ки буду шуди рўғанро ҷафидааст. Ҳалқа навъе аз ошиқи пой гузашта, дар пошна дар монд. Ҳаким зиёд андешид, ки ҳалқа аз пой барорад ҳам, аз миёни чаҳор девори бетониву сақфи баланд раҳо ёфтан имконнопазир аст.
Ноумед хешро бар симкат партофт ва ҳар қадар инсон қобилияти фикр кардан дошта бошад, фикр кард. Рўболо тамоми нурдаро ва боддарои хонаро аз назар гузаронд ва як гўшаи бомро дарбеҳ дид; базўр дид дар торикӣ. Баланд аст ва дасти кўтоҳ ба он нарасад. Нимхез гашта ба он дурурсттар нигарист ва боз дурӣ кард.
Бархест ва мисли мурдаи ҷонгирифта шутурвор гардан ёзид ба он сў. Он қадар баумед нигарист, ки кушода мешавад он гўшаи бом ва ў чун мусичаи озод фиррӣ парида мебарояд...
Нуре, ки аз ҳалқаи ангуштарӣ мегузашт, барҳам хўрд ва ба шакли ҳарфи «О» сўрохӣ боқист. Асирро ҷониби худ мекашад, то аз он ба берун нигарад, ки паси девори бетонӣ чӣ ҳаст. Ў беихтиёр ва баумед даст ба занҷиру пойи хароби хеш мезанад: «Тарошидан лозим меояд. Ин пойи харобро беустухон бояд кард, то ҳалқа бадар шавад.»
Берун ҳар гуна садо баровард. Баъд садои кушода шудани қуфл омад. Ў ҳалқаро бозпас аз буҷулак боло оварданӣ шуд ва он ба зарби сахт ва саросема кашидан ду тарафи ошиқи пойро харошида боло шуд ва ба дард овард. Аммо дард аҳамияте надошт...
Боз чашмбанд ба сар кашид ва хона гўристон шуд.
Нури бегоҳирўзӣ хонаро равшан кард, лек онро Ҳаким намедид.
Аммо омадани ҳавои тозаро пай мебурд.
«Ҳеҷ чиз нахурдайӣ, ҷура?»
Албатта ин садои пешхизмат будагист, ки аз хўрдан ҳарф мезанад.
Чун ҳарвақта асир хомўш аст. Зуъмаш аз он, ки гап заданро ба ў манъ кардаанд.
«Акат салом гуфт».
Ин садо дигар буд. Овози омиронаи касест, ки барои пул хархаша карда, сахт азобаш дод.
Ҳаким боз чизе нагуфт. Он кас низ дер нигарон шуд, ки асир ё чизе бояд гўяд ё пурсад. Садое наомад, зери дандон ба баҳонаву ғазаб гуфт:
«Ман калапушра аз сарат канда будам, чида пушидӣ?»

пешина
аз 378
навбатӣ