Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Абдуҳамид чун донист, ки сар ба сар шудан ва ё гапгардонӣ кардан суде надорад, дигар ягон даҳан сухан накард. Балки аз паси пардаи тиреза ба сўйи кўҳҳои Ғарибак нигарист, ки ин Замину ин кўҳҳо на бар шохи гов ва на дар пушти Самак бор ҳастанд, балки муаллақанд, ҳар гоҳ, ки ягон ношоистагие шавад, Замин як ҳамаро ларзонда мемонад. Ин қадар бори гаронро чӣ меларзонад, онҳо намедонанд. «Вазнин бояд шуд. Санги вазнинро об намебарад...»
— Ягон кас гуфтание дорад?
— Иҷозат диҳед, рафиқ котиби партиявии шаҳр. – талабаи мактабӣ барин даст бардошта гуфт Тайлонов. Писари ҳамон Тайлоне, ки кушандаашро пайдо карда натавониста, ба худкушӣ бароварданд.
— Ҳа, иҷозат.
— Мо ҳама аъзои партияи ленинӣ ҳастем, бояд мўйро аз хамир ҷудо кунем. Ба шуниди ман, аз рўйи аризаву шикоятҳо рафиқ Холиқовро бо он айбдор мекунанд, ки ҳама моли хоҷагии ёрирасонро нобуд сохта бошад. Аммо тафтиш нишон медиҳад, ки кор баракс будааст. Мехоҳам ҳамин чизро рафиқ Холиқов фаҳмонанд, ки чӣ хел шудааст?
— Рафиқ Тайлонов, – ба таъкид гузашт котиб: – Мо то ҳол ба гўши хар азон гуфтем? Ин масъала ҳал шудагӣ. Рафиқ Нозим Тайиб ин масъаларо муфассал ва дақиқ исбот кардаанд: дар сурук сесад сар гўсфанд зиёд. Муаммо ана ҳамин чиз мебошад. Ага не, ҳоҷати рафиқ Холиқовро дар ин ҷо рост монда, сурху сафед кардан нест, понимайити.
Акнун ду нафар рост меистоданд. Касе онҳоро «шинед» намегуфт. Ва якбора котиб ба Абдуҳамид рў овард:
— Ё шумо ҳаваси гуфта фаҳмонидан доред, рафиқ Холиқуф?
— Не, ҳамаашро худатон муфассал фаҳмонидед, ҳоҷат ба такрор нест...
— Ман як даҳан гап занам, рафиқ котиб? – Мардон ҳам таълими гирифтааш мактабӣ буда ҳамчу Тайлонов даст бардоштааст.
— Ҳа!
— Мо рафиқ Холиқовро кайҳо боз мешиносем. Одами коргар ва ботартиб. Лекин коре шудааст, ки бояд намешуд: Масалан моли бегонаро дар рама роҳ додан лозим набуд. Зеро Хоҷагии ёрирасон заминро ба воситаи шартнома аз ноҳияи Ҷиззахи Ўзбакистон харида гирифт. Лекин сесад нафар (сар) моли зоид (зиёд) йему хошоки хоҷагиро мехўрад. Ба назари ман хатойӣ дар ҳамин ҷост, яъне сўистифодаи сардор аз вазифа.
— Барои ҳамин шумо чӣ таклиф доред?
— Айби гунаҳгорро дайн карда истода, қарори маҷлиси кушоди партиявии ташкилоти ибтидойӣ ба инобат гирифта шуда, ҷазои партиявӣ дода шавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо