Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Вале ў ҳам нишаста наметавонист. Зеро котиб калимаи «шин»- ро фаромўш карда буд.
— Хўўш! Масъала равшан, рафиқон. Мана аз ҷониби раиси хоҷагии аграрӣ таклиф ҳам шуд, ки рафиқ Холиқов гунаҳгор бошад, ҷазои партиявӣ дода шавад. Ҳама ба ҳамин таклиф розианд?
— Ҳааа!
— Таклифи дигар нест?
— Неее!
— Боз чӣ таклифҳо ҳаст, рафиқон?
— Рафиқ Холиқов аз сафи партия бароварда шуда, молҳои зиёдатии рама ба ҳисоби давлат гузаронида шавад. – ин нафар бе рухсат пурсидан якбора аз ҷой хеста чунин таклиф ба миён овард. Абудуҳамид ўро намешиносад.
Онҳое, ки дам ба дарун гирифта буданд, якбора нафас сар доданд ва толор пур аз пафу пуф шуд. Абдуҳамид нишастан мехост.
Сару рўяшро арақ пахш карда, тамоми азобу заҳмате, ки то ҳол кашида буд, якбора ба сараш бор гашта, ба пойҳояш зўр оварда буд ва ў сахт мехост, ки шинад. Бо тоқии ҳанўз ҳам дар даст чун сарбози боадаб доранда арақи пешониашро пок кард, вале арақи паси сар, пушти гўш ва ду чаккаву зери манаҳаш шорида даруни куртааш паноҳ меёбад. Ў хаёл мекунад, ки ҳанги пояш хушк шуда, дигар вазнашро бардошта наметавонад ва чун ҷуволи холӣ бар қадди девор шорида такя бар он мезанад ва аъзо ба ҳолаш механданд: «Ҳамааш ҳамин... ин узви матин зиёдтар нерўе надорад аз ин». Вале ў ба ҷойи чунин сустиву бемадорӣ ақли дилашро кор фармуда, ба худ омад. Арақи танаш сард гашта, онҳоеро, ки то ҳол намедид, ақли чашмаш низ кушода гашта онҳоро дид ва ҳамаашонро шинохт, аммо сўйи онҳо нигоҳ накарда, беихтиёр даст ба кисабағали чап бурд; ба рўйи дил ва ҳамон зайл ҷониби котиб қадам зад. Дигарон хавф бурда ва котибро эҳтиёт карданӣ шуда, хестанд аз ҷояшон, то ўро боздоранд. Вале ў аз сари сина дафтарчаи сурхро бароварда, лаби мизи котиб гузошт ва гўшакӣ кард:
«Ман надониста будаам, ки аъзо кайҳо ба галаи гургон мубаддал гашта, якбора ба рама дармеафтад. Вагарна ин чизро кайҳо месупурдам».
Ва баромад аз дар чунин котибу чунин аъзоро ба инобат нагирифта. Хандон баромад ва зинаҳоро ҳамон зайл хандон фуромад. Халил ҳолати падарро дида низ хандон пеш омад, ки корҳо хубанд. Аммо падар шасти ўро гардонд: «Супурдам... амонатро супурдам...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо