Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро аз ҳавои даҳони ў бармеомад, ки Абдуҳамидро ба ҳоли худ нахоҳад гузошт. Валек баъзе содамуғамбирҳо орому осуда пўсти хешро аз даридан эмин гардонидан мехостанд, ки котиби басиёсат маҳз чунин рафтор карда, чӣ кас будани аъзоро донистан мехоҳад. Аз ҷумла, пурсу натиҷаи тафтишро як сў гузошта, аз устави партия пурсон шуд. Ё гурез аст аз масъала, ё домест.
Ҳангомахоҳон ва манфиату вазифаҷўйҳо дар сари сўзан нишаста, зудтар ба масъала наздик шуданро чашмдор буданд.
— Ин ордену медалҳоро ба шумо кӣ дод?
— Партия ва ҳукумат...
— Ба назари ман, ки хатое рафтааст. Ин ордену медалҳо бояд аз они дигар касҳо бошанд.
Абдуҳамид чизе нагуфт. Зеро сухани котиб на савол буд ва на панди сарварона. Балки ниқорталабона ва таҳдиду танбеҳро мемонд, ки ўро маҳз барои тақдири Абдуҳамидро яктарафа кардан ба шаҳри Панҷакат чун роҳбари партиявӣ фиристода бошанд.
— Шумо медонед, ки барои се тин магазинчиҳоро ба чӣ ҷазоҳо мекашанд? Онҳоро ҳамчун дузд, қаллоб ва фиребгар, барои се тини харидорро задан ҳукм медиҳанд. Яъне аз пуле, ки бояд дар касса шавад, се тин пул зиёд... Лекин моли шумо ча қадар зиёд?
— Вай моли зиёд аз они ман не, рафиқ котиби партиявии шаҳр.
— Аз они чўпонҳо ва аз они шумо барин сардорҳо. Чўпонҳо он молҳои зиёдро то аз чўл баргаштан бонӣ мекунанд, сонӣ ба соҳибонашон месупоранд.
— Боз гапгардонӣ ҳам мекунед-а!?
— Рафиқ котиб! Шумо медонед, ки ман одами партиявӣ... Фарз кардем, ки панҷоҳ сар гўсфандро ба панҷсад сар расонидем. Агар ҳамин чиз камбудӣ бошад ва мо барои чунин хизмат гунаҳгор ҳисоб ёбем, ман гуноҳро ба гардан мегирам. Лекин ҳамин чиз раво бошад...
— Гап дар бораи сесад сар моли изофа меравад!
— Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, рафиқ котиб.
— Албатта... набояд чизе гўед. Шумо ҳамчун сардори партиявӣ ба чашми партия ва сарварони он хок пошидед.
— Ин хел нафаҳмед. Агар партиявиён ҳам одам бошанд, дилу нияти пок ва одамгарӣ дошта бошанд, бояд ба якдигар дасти ёрӣ давроз кунанд. Партиявияту одамгарии ман дар ду кафи тарозу баробар меистад
— Э баллеее... Шумо партивӣ ва одам, дигарон партиявӣ ва одам нестанд?
— Ман ба ин маънӣ нагуфтаам.
— Шумо бояд забонатонро газида истед ва барои гуноҳи нобахшиданиатон узр пурсед! Ба ҷойи ин моро насиҳат мекунед.
Одаму ноодам будани моро исбот карданӣ мешавед...

пешина
аз 378
навбатӣ