Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале он вақт котиб на, балки яке аз аъзои бюро (ба назараш Тайлонов) чунин савол дода буд. Пурсу посухи ин дар устави партия ҳаст ва ҳар касе узви ин ташкилот шудан хоҳад, аввал ҳамин моддаро азёд мекунад ва ўро аз ҷойи хобаш бедор карда ин чизро пурсӣ, дар торикӣ чашмашро пўшида, шаррас ҷавоб медиҳад. Лекин Холиқовро бо чунин саволҳо банд кардан имкон надошт, зеро ў на танҳо уставро аз ёд медонист, балки китоби бузургҳаҷми «Таърихи КПСС»-ро азбар карда буд монанди Насими Азими Искодарӣ.


«Ҳар шаҳрванди Иттифоқи Шўравӣ, ки Барнома ва Оинномаи партияи коммунистиро эътироф кунад, дар бунёди сохтмони коммунизм фаъол бошад, дар яке аз ташкилотҳои партиявӣ кор кунад, қарорҳои партияро ба амал татбиқ намояд ва аъзоҳақиро сари вақт супорад, метавонад узви ПКИШ бошад».
Котиб ҷавоби ўро гўё сахт ва бодиққат гўш медод ва чӣ кас буданашро донистан мехост. Ба гумони ў аз рўзи ба партия дохил шудани Абдуҳамид бисёр обҳо ҷорӣ шуданд ва шояд вай ин чизро фаромўш карда бошад, гуфта пурсида буд. Тираш хок хўрд.
— Аммо шумо чӣ кор кардед?
Ин пурси котибро ў сарфаҳм нарафт, ки чӣ мехоҳад. Бо вуҷуди он посух гуфт:
— Кор...
Ва хомўш истод. Ба пиндораш: ана-ана аз зери кадом курсӣ бўйи пой мебарояд...
— Маълум. – ба мақсад наздик шуд котиб. – Лекин коратон ба он ҷавобе, ки додед, мувофиқ нест. Хулоса ин аст, ки рафтору кирдори шумо зидди фармудаҳо ва хостаҳои Партияи Коммунистӣ мебошад... – Котиб «вазифадор»-ии узвро бо саволи аввал омехт.
Дигар ҳеҷ зарурате набуд, ки Абдуҳамид ба саволҳои ў ҷавоб гўяд. Зеро мақсад аз рўз ҳам равшантар. Котиб ба касе сухан намедиҳад. «Кӣ савол дорад?» намегўяд. Мақсади ҷамъомадро намефаҳмонад. (Шояд то омадани ў маҷлиси Бюрои партиявиро кушода эълон карда бошад ва пеш аз даъват карда дароварданаш ҳама масъалаҳоро ба аъзо фаҳмонида бошад) Ба ҳар ҳол аз он чӣ Абдуҳамид чашмдор буд, зиёдтар аст.
Чунин равишро пеш гирифтани котиб аъзоро ба ҷунбиш овард.
Баъзеҳо гулў равшан мекарданд. Эҳтимол, савол додан ва ё чизеро аз гунаҳгори ҳайратзада пурсида, дар назди одамони яккачини партия шарманда сохтанӣ буданд. Аз ситези онҳо пайдо мегардид, ки бояд пок, ҳалолкор ва сарсупурда будани хешро фаҳмонанд ба котиб.

пешина
аз 378
навбатӣ