Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Беҳтарин роҳи Панҷакат ҳамин – аз Шўрча то Ғўсар.
Падар гўшаи чашм кард ба ў, аммо чизе нагуфт: «Бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу».
— Роҳ чандон хуб нест, мошин нав.
Мақсади Халил на роҳ буду на мошин. Падарро аз ҳолате ки дорад, бурун овардан лозим буд, то шердилона ба маҷлис дарояд.
Аммо ў аз банди хаёлҳои «чӣ гуноҳ карда бошам?» раҳо гашта наметавонист. Якбора дар сараш як мағале шуд, ки дар маҷлисҳои ҳисоботӣ ва интихоботии колхозӣ мешавад. Ҳар кас дониставу надониста хоҳишеро пеш меовард, ки ниёз бар он дошт. Иддаъо, ки онҳо дар колхоз меҳнат мекунанд ва колхоз ҳама хоҳиш ва эҳтиёҷи эшонро иҷро гардонад; агар чунин кор шавад, мо фулониро раис интихоб мекунем. Вагарна сад сол гузарад ҳам, моро сардори ҳархела лозим нест. Сонӣ як каси ношиносро оварда раис таъйин мекарданд, ки ҳафт пушташ дар ҳамин манзил хок шавад ҳам, дилаш ба обу гили ин замин намесўхт. Ҳоло ба ҷое мераванд, ки Калони калонаш ҳамин хел одам ба омаданаш як соли пур нашудааст. Одамонро хуб намешиносад, ба гапи ҳар раҳгузар бовар мекунад. Як хислати аҷиб ҳам доштааст, ки аз номи партия кина гирифтану қасд ситониданро дўст медорад.
Ў ана дар ҳамин бинои дуошёнаи таҳхонадор кору фаъолият мекунад. Дар ошёнаи дуввум. Рў ба дарозии мизи барқад мешинад, ки баробари кушода шудани дар каси воридшударо мебинад.
Ҳоло Холиқовро дид. Ў тоқии чоргулро ба даст гирифта сари тоза тарошидаашро луч карда, даромад ва котиб ўро кали зирак гумон кард, ки аз афсонаҳои момокалон шунида буд: «Бо калҳои зирак шўхӣ карда намешавад; ҳамаро фиреб медиҳанд». Ў андаке гардан ёзонида аз тори сари аъзои бюро ўро хубтар дидан хост.
Зеро ҳама қаду қоматаш ҳамин буд. Калта, аз курсӣ фуромада, ба нўги пой истад ҳам, чӣ андозае, ки ҳоло ўро то бинӣ мебинад, ҳамон қадар медид. Як курсии холӣ буд, лек касе Абдуҳамидро таклиф намекард, то нишинад. Шояд гунаҳгорро некӣ шоиста набошад.
Толори бюробоби котиб чунон ором буд, ки ҳама нафас дарун кашида, аз сар доданаш метарсиданд; мабод, ки хотири котиб озурда гардад. Абдуҳамид ҳайрон монд, ки бузурге мурда ва онҳо хотири ўро пос доштанӣ шуда, аламзада сар андохтаанд. Фақат котиби навкор гарданак мезанад ва ташвиш мекашад, ки тану тўш, андом ва рангу рўйи даъватшударо бинад.
— Рафиқ Холиқов! Кӣ аъзои Партияи Коммунистӣ шуда метавонад?
Якбора пурсидани котиб шишаи хомўширо шикаст ва ба тани ҳама кайк даромадагӣ барин ҷунбиданд ва нафаси гулўгирро сар дода, баъзеҳо даҳон бо кафи даст дошта, дарунакӣ сурфиданд. Лекин Абдуҳамид ҳайронтар буд, ки гоҳи ба сафи партияи ленинӣ қабул кардан дар ҳамин толор чунин саволро дода буданд.

пешина
аз 378
навбатӣ