Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барои шарқиён чунин нобаҳангом кўч бастану чорпоён пеш андохта, рў ба кўҳистон овардан одат шуда буд ва онҳо метавонистанд дар андаке муддат чунин амалиётро баҷо оваранд.
Фратофарн ва Набарзани сарфавҷи савораи порсӣ аз ноомаду нобарории набардҳо ва ноҷавонмардии Бесуси Бохтарӣ ба танг омада, тан ба душман доданро бартар донистанд аз маломати «нокасон». Аз ин рў ҳамроҳи дастаи ҳазору понсаднафараи фирориёни зархариди порсӣ бо нону намак ба пешвози сипоҳи Искандар баромаданд.
Искандар пиёда шуд. Ҷилави Бусефал дар дасти саис буд.
Чошнӣ карданд. Искандар пай бурд, ки мардуми таҳҷойӣ наметобанд. Балки ҳама низомиёни афкандасилоҳ ва фарсудалибос ҳастанд ва чандон ба порсҳо монанд нестанд ва бо забони юнонӣ Искандарро хайра мақдам мегўянд. Шоҳи зирак нигарист ба онҳо ва нигоҳашро сўйи сабзазорон гурезонд, то ба онҳо диққат доданашро касе пай набарад. Аммо Фратофарн дарёфт, ки пазиройӣ хуш наомад шоҳ Искандарро. Шаҳрдор, ки нав аз назди Бесус ба ин ҷо расида буд ва чандон пазироии хуб надошт, хони неъмат наороста буд, аз чунин ваҷоҳат доштани меҳмон хиҷолат кашид ва ишора сўйи шорсон кард.
Барои Искандар ҳамин хел ҷой лозим буд, то кўфти роҳ барорад ва пирўзии беназири хешро ноаён ҷашн гирад. Аммо аз амбори холӣ танҳо чанг бархезад. Мизбонон сахт дар изтироб шуданд ва намедонистанд чӣ гуна фаҳмонанд кўч бастани сокинонро.
Искандар ба чизе эътибор надода, рў ба диж овард. Вале сипоҳи мақдуниро коху кўшк нагунҷонд. Бардаҳо, гурезаҳои ба ғуломӣ қабулшуда, саисон ва корвониҳо дар хонаҳои холии доманакўҳ, ки соҳибонашон қад-қади Ҳарорўд боло рафта буданд, ҷой гирифтанд. Шаҳрдор аз чунин ранг гирифтани кор осемаву беқарор гашт ва аз чӣ шурўъ карданро надонист. Чизу чора намонда буд, касе низ, то амри иҷроиш диҳад, ҳамаро муҳайё созанд.
Фратофарн ошуфтаву парешон буд ва ҳанўз ба худ наомада, ки Искандар чӣ гуна муомила кунад бо ў. Диду донист ва рў ба рў дид ҷавонписарро, ки салавоте надорад, аммо хуни дар ҷўш дорад, шўрида ва намояд, ки ноандешида ҳукму амрҳо кунад ва сарҳо хўрад. Аммо ҳолиё шаҳрдор шўридаҳуштар аз ўст. Ношукрии ба Бесус кардаашро аз ин ҷо бояд кашад. Ва надонад чӣ гуна ба Искандар ифода кунад аҳволро. Ва худи шоҳи мақдунӣ осон кард мушкили ўро:
— Магар ин шаҳр шаҳрванд надорад?
Фратофарн шод шуд аз чунин пурс ва посух дод:

пешина
аз 411
навбатӣ