Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дорад. Вале рўзе ду пештар волии Бохтар Бесус аз ин роҳ гузашта буд. Чун мардум шоҳкушии ўро медонист, номаш шум гашта буд; овозаи омад-омадаш ҳамаро пароканд. Баъзе бору буна баста, рў пинҳон карданд, молдорон ба кўҳи Дамованд рафтанд ва ҷавонону духтаронро Бесус бурд бо худ.
Искандар хомўш буд, сахт диққат медод ба ҳарфи ў ва ковокиҳояшро пай бурда, чизе намегуфт. Чун задаи баҳона ба номи Бесус афтод ва ҳадафи наздику тиррас ў буд, пурсид:
— Ҳоло куҷост Бесус?
— Рў ба Бохтар оварда... Мераваду меравад. – ва афзуд: — Шумо осуда бошед. Муждаи омадани Искандари Мақдунӣ ба онон расад, ҳама аз кўҳсор бозгашт хоҳанд кард.
Искандар суханони ўро дар зеҳн таҳлил мекард ва ғайри чашмдошти сатрапҳо пурсид:
— Шумо чаро нарафтед бо Бесус?
Онҳо – Набарзану Фратофарн нигаристанд ба ҳам ва чун донистанд, ки Искандар дурўғро аз рост ҷудо мекунад, Фратофарн гуфт:
— Маликуррумро равшан бод, ки мо то кушта шудани шоҳ Дорои Саввум дар сипоҳи ў будем. Чун Бесус ҳаваси шоҳи Порсро кард, бо Дорои Саввум ба баҳсу талош афтод. Шоҳ Доро ба ҳарфи сатрапҳо гўш накард ва майли ба Бесус супоридани давлатдориро надошт. Бесус хиёнат ба шоҳ кард ва дили ҳама монд аз ў. Сатрапҳо ҷудо шуданд, сарбозон рў тофтанд, мамлукҳо орзуи ватан карданд.
Ин ҳарфҳо дурўғе надоштанд. Пеш аз ин ҳам шунида буд чунин гуфтаҳоро. Медонист кушандаҳои шоҳро. Бародари Дорои Саввум Оксафр Искандарро гуфта буд ин ҳама. Ногаҳон фармуд:
— Шумо, ки шарик будед дар куштани шоҳ?
Онҳо чӣ посух гуфтанро надониста, нигоҳ ба якдигар карданд ва Искандар дилпур гашт ба гуфтааш. Афзуд:
— Ман кушандагони шоҳ Дорои Саввумро меҷўям.
— Бесус... – кўтоҳ гуфт Набарзан ва Искандар посух дод:
— На. Бесус фармуд, дигарон куштанд. Яке Набарзан ном дорад, дигаре Сотибарзан...
Набарзан хешро ноаён пас кашид ва наёрист иқрор кардан.
Вале чун медонист, ки ҳолиё нагўяду баъд Искандар фаҳмад, хуб намешавад. Пойи пас бурдаашро пеш овард ва зону зад, сар андохт. Фармуд:
— Пўзиш аз шоҳи ҷаҳон! Набарзан манам...
Ва Искандар бархост. Ва надонист чӣ кор бикунад. Ҳамчу Набарзан ҳайрон буд. Набарзан тарс дошт, ки Искандар овоза карда буд, ки қасд ситонад аз қотилони шоҳ Доро. Вале чун рў ба рўстанд, илоҷе ё қароре қатъӣ надоранд. Муддатҳо баъд Искандар Набарзанро ишора кард бинишинад бар курсии сангини паҳлўи дайҳим ва дигаронро ронд.

пешина
аз 411
навбатӣ