Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Роҳи корвонгард аз канори Ҳарорўд дур шуд ва ағбаи нисбатан баланд пеш омад. Ва чун онро убур карданд, гўйӣ фурў рафтанд ба зер. Роҳ фарохтар метофт ва Искандарро хуш буд шабгардӣ андар чунин роҳ. Садои рўд омад. Искандар пиндошт давр гашта боз Ҳарорўдро дучор омаданд. Аммо ин рўди паси ағба буд ва низ Ҳарорўд ном дошт ва ибтидояш аз он буд, Ҳарорўд ба он сўйи ағба низ мерехт. Вале бузургтар аз он. Ва зери пардаи сапедадамон метофт, ки фарохтар бувад паҳнои ин ҷониб. Тарҳи хокиранги ҳавзае оҳиста-оҳиста рўшан гашта, водии бузург ва паҳнои беохир пеш омад ва чун чашми рўз кафид, бузургиву шаҳомат ва сабзу хуррам будани он ба назар расид. Тарҳи шаҳре низ аён гашт, ки дар торикӣ аз он манзил ду ё се ситораи заминӣ камнур менамуду ғайб мезад. Ва водӣ кушод гашт баробари хамёзаи чини домони саҳар. Шаҳри Гекатомпил намудор шуд. Бисёр манзилҳо об доштанд, аммо мисли ин водӣ тароват надоштанд. Аён, ки некўхислат бувад. Офтоб низ тоза медамид аз пушти кўҳҳои дур чун ташти зарин. Замини бороншустаро мемонд ин покбум. Токзорҳо ва киштаҳо сабз буданд.
Вале ҷондоре наменамуд сари киштаҳо. Ҷо-ҷо сабадҳои пури ангур буданд сари вотҳои токзорон, ки гўйӣ барои сипоҳи Искандар омода сохта бошанд. Вале Искандар фармуд ба ангури сабадҳо даст нарасонанд.
Ва ин шаҳри водии хуррам шукўҳу шаҳомате, ки шаҳрҳои дигар доштанд, надошт. Коху дижаш низ оддӣ ва сода буд. Яқин, ки водии кашоварзон аст ин марз ва мардум бо зўри бозу нон хўранд.
Ду сатрапи номдори порсӣ Набарзан ва Фратофарн, ки дўш дар маҷлиси Бесуси Бохтарӣ талоши мулки Порсро доштанд, ҳолиё бо нону намак лашкари мўру малахи Искандарро назди дарвозаи Хазар пазиро гаштаанд. Агар сари фавҷи саворон ва дастаи мунтахаби «Дўстон» расида буд ба дарвозаи шорсон, пойи корвон нав фарози канори Ҳарорўдро мехамид. Он қадар тўлонӣ буд қатори лашкару шумори корвониён, ки ҳисобу шуморашро гум карда буданд. Фирориёни мамлукҳои эллинӣ, ки чандин сол дар хидмати зари Порс буданд, ин замон ихтиёр ба ғуломӣ дода, низ шумори корвони мақдуниро меафзуданд. Назди дарвозаи Хазар киштзорҳоро пахш карда, ҷамъ меомаданд, то пазироии сатрапи вилоятро бинанд.
Шаҳрдори Хазар Фратофарн, ки дар маҷлиси дўшин пеши Бесуси Бохтарӣ эътиборе надошт, имрўз бо шаҳрвандони ночиз сипоҳи Маликуррумро пешвоз мегирад. Бошандагони Гекатомпил, ки рў ба сўйи шаҳри Задракарта овардани сатрапҳои вилоятҳои шарқии Эронро дида буданд, бозгашти сатрапи Хазарро нигарон нашуда, бору буна баста, бархе ба дунболи шаҳрдорҳо рафтанд ва баъзе молу амвол ҳамроҳ гирифта, рў ба кўҳистон шуданд. Чунон рафтанд, ки шаҳр бешаҳрдор, хонаҳо бекадхудо ва киштзорҳо бекадевар монд, ҳатто боғбонҳо сабадҳои пури ангурро набардошта, рафта буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё