Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Маро ҷавон, ба бисёр чизҳо ақлаш намерасад, мегўянд... Мегўянд, мегўянд. Ба рўям нагўянд ҳам, миёни якдигар, барои тасаллии худ гўянд, то ақлу фаросати номукаммали хешро рўпўш кунанд. Ман медонам, ки ба ту мегўям... Аз одам бипарҳез. Барои нафсашон дар як лаҳза ту барин ҳайвонҳои рамузфаҳмро кушанд...»
Бусефал хўсид. Бероҳа шуд. Асбони паҳлў низ. Искандар парешон гашт ва ба чашмаш расид, ки сиёҳие пеши роҳи онҳоро бурида гузашт. «Гург!», «Шағол!» садо доданд ва чӣ балое буданашро дониста, ҷилави асбонро боз ба роҳ тофтанд.
Искандарро сахт расид пеши роҳро бурида гузаштани чорпойи зардак. Зеро шоҳи ҷавон аз гуфтори ростину ҳақиқии хеш лаззат мебурд ва чунон ангошта буд, ки бо Бусефали вафодор сўҳбат кардан афзалтар бувад аз он ки ба носипосон чизе бигўйӣ. Ҳазор соат ба гўши Бусефал гўйӣ, ҳарфе паҳну овоза нашавад ва агар сухане ба касе гўйӣ, рўзи дигар ҳазор ҳарф гардад. Оҳиста-оҳиста ҳама нозукиҳои сўҳбату сирру савдоро дарёфту донист ва киро чӣ гуфтан омўхт. Вале ҳолиё аз таҷрибаи рўзгор пурра баҳра нагирифтааст. Гоҳе ки рў ба рўйи бузургони эронӣ сўҳбат мекард, дар тавонгарӣ пир метофту дар донишу таҷриба ҷавон. Вале ин нуктаро дарк накарда буд ва касе аз дўстон наёрист ба ў гўяд. Зеро суде надошт. Кадом подшоҳ сухани росту ҳақро пазируфтааст?.
Гуворо бувад дар шаби моҳтобӣ баробари лангар хўрда, гом задани Бусефал хаёлу андеша кардан. Вале баъзан дилгир тобад барои Искандар барин тезвиру тезхунҳо. Хаёлу андешаҳои шоҳи ҷавон пештар равад аз гашташ. Аз ин рў дониста ё надониста, баъзан пас гардад ва гузаштаҳоро, ки ниҳоят кам рух диҳад, пеши назар орад; гоҳи тангӣ ва зарурат ва ҳузну пушаймонӣ ёд кунад аз рўзгори сипарӣ, аз модар, аз устод Арасту, аз шаҳрдори Пелла Антипатр, аз зару зевари ба Мақдуниё фиристода... Вале ба ёдаш наояд падар...
«А, Бусефал!? Мақдуниё обод хоҳад гашт. Ободтар аз Отину Персопол. Чун баргардем, ҷуз ободон коре надорем... Он гоҳ аз ту наслҳо хоҳам гирифт ва чунон кунам, ки Бусефал сарсулола гардад...»
Бусефал фиркид ва сар ҷунбонд ба кишна. Искандарро намуд, ки «на» гўяд асб. Ҳайрон монд шоҳи ҷавон ва инони ҳаюнаш сахт кашид:
«Чӣ-ӣ-ӣ? Намехоҳӣ? Сухани маро рад мекунӣ?!»
Ҷонвар сар ҷунбонд, ки одати асбон бошад.
«Ту хаста шудайӣ, Бусефал, ба сухан сарфаҳм намеравӣ. Дигар ба ту чизе нагўям, то ба худ омаданат...»
Фазо андаке рўшан шуд. Искандар аз таҷрибаи шабгардиҳо медонист, ки субҳи фиребост ва боз торик гашта субҳи ҳақиқӣ дертар дамад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё