Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Ёли шоназадаи ўро панҷа зада, гардану сағриву сари шонаашро молида, кажину баргустувонро тахту ҳамвор карда, сарафзори заринашро афшондаву бод дода, дар хомўшиву оромии шабона ба фикру андеша фурў мерафт; гузаштаро ёд меовард ва оҳиста – оҳиста ба гўши Бусефал ёдрас мекард: — «Осон набуд.
Ту ҳам гумон надоштӣ, ман низ хаёл накарда будам, ки ин қадар Офтобнамо дур аст. Охир, мо, ки баромади Офтобро аз наздик мебинем, пиндоштам, андаки дигар равем, ба он манзили ҷовидона мерасем. Аз рўйи хондаҳоям Порсҳо зуд-зуд ба манзили мо омада, мерафтанд. Ман низ чунон пиндоштам. Ман на, ту азоб кашидӣ, Бусефал. Агар ҳар ду саломат ба Мақдуниё баргардем, ҳайкали зиндаатро дар канори кўли Фаранг, дар паҳлўи Оинаи Искандарӣ хоҳам гузошт. Агар илоҷ буд, ман ҳам туро бар дўш бардошта бурда будам, аммо хидмати ту дигару хидмати ман дигар. Рўзе ки шамшери душман рони туро бурид, пиндоштам шамшер бар ман заданд... Хунат покиза метаровид Бусефал... Ман ҳайкали туро хоҳам гузошт...»
Садои рўдак меомад. Садои суми асбон ва бар сангҳо бархўрдани наълҳо ва шарора пошидани сангҳо аён буд. Сайҳа кашидани асбони дамгирифта, фирқ-фирқ бинӣ афшондани онҳо ва паст-паст «чу!» гуфтани саворон ва аз пас расидани садои гўшхароши чархҳои беравғанмондаи гардунаву аробаҳо оромиву хомўшии шабонаро халалгор буд ва баргардон шудани акси садоҳо аз шахҳо ваҳмангез. Искандар дар куҷое дида буд кўҳи Нидоро, ки ҳар садоро, гуфторро бармегардонд. Аммо ҳолиё нолозим, махуф ва даҳшатбор метофт. Гўиё мамлукҳои зару сим ғун оварда аз бими аз даст рафтани ғанимат худро даруни тахтасангҳо ҷой кардаанд ва ҳар гуна садоҳоро аксу талха медиҳанд.
Воҳимаовар менамояд. Ба ҳар ҳол ба назари Искандари парешон чунин метобад. Ҳатто пинг-пинги шағолҳо аски садо мекунанд.
Вале пайкҳои талоя хабаре намеоранд ва сипоҳро бознамедоранд.
Ва Искандар бо хотири ҷамъ пеш меравад, аммо андешаҳояшро ба касе гуфта наметавонад.
Шабҳои тобистон кўтоҳ, аммо роҳ тўлонӣ. Боз Искандар хам бар гардани Бусефал мешавад ва оҳиста ба гўши он мегўяд: «Бисту шаш сол дорам. Ту низ баробари ман. Гумон мекунам, ки умри ҳардуямон дар корзорҳо мегузарад. Ту медониву гуфта наметавонӣ, ман гуфта метавонаму вақт надорам. Баъд шунаванда нест.
Ба инҳо гуфтан чӣ ҳоҷат? Ҳамаашро худашон дидаанд, медонанд ва шояд рўзе нависанд ҳам. Инҳо чизҳои зоҳирӣ, Бусефал. Тохтану куштану сўхтану бурдан ҳама рўякианд. Асл андарун бувад.
Ниҳоди одамиро дарёфтан душвор. Синаи кўҳро шикофта чизе дарорӣ, вале синаи инсонро шикофта чизе пайдо карда нашавад. Будааш баробари нафас берун равад, колбади холӣ монад.
Ман медонам инсонро. Дошта бошӣ, дида натавонанд, надошта бошӣ, надиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё