Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Зеро ваҷоҳати Барзин, ҳолату вазъ ва чунин зуд пир гаштани зан Искандарро сахт ба шигифт овард. «Чаро?» Ба пурси ниҳонии хеш посух ҷуст, вале дарёфт накард сабабашро. Сар афканда буд.
Ба назар андеша дошт. Барои якбараву яксара кардани кори Барзину писараш ва ё аз боби пажмурида гаштани ў ва хаставу лоғар шудани писар.
— Геракл!
Ҳамчунон сар андохта буд писар. Баробари баланд гаштани садои падар ў ба модар нигарист; овози шоҳро ба инобат нагирифт.
— Геракл! Ман садо кардамат! Чаро ба модар нигарӣ?
— Розу ниёзи маро модар донад, на шоҳ... – чун бузургон посух гуфт писар.
— Чӣ розу ниёз дорӣ?
— Розу ниёз ин аст, ки шоҳ моро раҳо кунад, то дар биёбонҳо озод умр ба сар барем ва чун чорпоён аз зиндагӣ фикр накунем.
Искандар пеш омад. Вале писарро кордор нашуда назди Барзин қарор гирифт ва пурсид:
— Ту омўхтиаш?
— Ўро бипурс.
— На, туро пурсам...
— Ўро чизе омўхтам, ки устодонат туро омўхта буданд.
— Арасту? Лисимах?...
— Оре...
— Пас ту бояд шодмон бошӣ, чаро ба чунин ҳол афтодайӣ?
— Ўро шир додам, ними нерўям рафт, инак равон бахшам, то ҷонам равад.
— Азизтар аз ў туро касе набошад?
—...
— Ғамат ғами ўст?
— На. Ғамам ғами туст.
Искандар нигарист Рахшонро, ки боҳуш гуфтугўи ононро гўш медод, вале карахту ором буд ва хулоса мебаровард барои хеш. Шоҳ яқин муносибатҳои заношўйиро андешид ва наздик ба писар омада даст бар дўшаш ниҳод:
«Туро бо умед Геракл ном ниҳодам. Бузург шудайӣ. Туро асбу шамшеру сипар мебод. Вале чаро гардан миёни шонаҳо фурў кашӣ? Тарсу мабош!»
Гом заду гирд гашт пардасаройро ва омад назди Рахшон:
— Ту гуфтӣ, ки Гераклро дўст дорӣ ва бузургаш кунӣ. Чаро онҳо ба чунин ҳол афтода?
— Шоҳо! Ғами Барзин ғами андак набувад. Ў пешбиниҳо дорад, ки шоҳро гуфта натавонад.
Шоҳ нигарист сўйи Барзин:
— Гуфтаниҳо дорӣ, Барзин?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор