Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Искандари маст чӣ фаҳмид аз чунин пурс, ки дер хомўш монд ва лабонашро ғунча карда, гўё талхиву туршии шаробро мемакида бошад, ҷеҳраву рўй турш базўр фармуд:
— На... Зарурате нест!
Пасон даст сўйи зан ёзида сари ўро дошт ва палмосида то гардан фаромад, ҳалқа гардонд, гирист ва паст – паст пичиррос зад:
«Донӣ, ки чаро Зевси Барроқ моро ғазаб кард?»
«Донам.»
«Чаро?»
«Писару зани бегуноҳатро рондӣ.»
«На! На-на! Барои он ки номи писари худовандро ман ба номи писари хеш гардондам. Геракли қаҳрамон писари худои Зевс буд... Аз ин рў... На аз он ки ман писарам Гераклро ҳамроҳи модараш рондам...»
«Ин гуноҳи Искандар набошад... Худои Зевс чунин фармуда...»
«Ту бохирадӣ, Рахшон... Ў ҳам...»
«Ў ҳам?»
«Бале, ў ҳам...»
«Геракл?»
«Модари Геракл.»
«Биоваранд?»
«Биоваранд!»
Бо ишораи Рахшон аз паси Гераклу модараш шуданд ва Искандар боз ҷоме ба сар кашид.
«Донӣ, ки ман чӣ бояд бикунам?»
«Бояд ба Ватан баргардӣ...»
Искандар наъра зад. Барҷаст. Гўйӣ ҳушёр шуд:
«Ту низ ёри онҳойӣ?!»
«Ман ёри ту ҳастам, Искандар!»
«На!!! Ман танҳоям! Наход ту низ нафаҳмӣ, ки ман бояд ҷаҳонгир гардам! Олам зери поям бояд ба Мақдуниё баргардам!»
Искандар бурун ҷаст аз пардасаро. Посбонон дар ҳайрат афтоданд. Гирифтанд ўро ва бо зўрӣ ба саро дароварданд. На хоб дошту на оромӣ.
Барзину писараш Гераклро оварданд. Писар хаста ва модар гирифта буд. Гўйӣ мўйи зан ранг дода буданд; нуқрафом метофт.
Дамидаву рост гашта, ки махсус карда бошад. Хуш наомад Искандарро, ки бо зани пир сару коре дошта. Барзин монанд ба аъҷузаҳо; зери чашмонаш низ халта зада. Шоҳ наёрад чизе пурсад аз ў. Ё дар ҳузури Рахшон шарм дорад ва ё аз кардаҳои хеш.
Чанде пеш гумон дошт хубрўтар аз Барзин зане набувад. «То замоне ки бо манӣ, туро осебе нарасад...» Ба ёдаш омад ҳарфи Барзин ва аз зеҳн гузаронд: «Замоне ки бе манӣ...» Наёрист пурсад.

пешина
аз 411
навбатӣ