Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

кирдори девонаи занҷирбанд гом мебардорад ба пойи сутурон.
Соқа тамошо кунад азоби таърихнигорро ва ҳар гоҳ, ки по ба по зада афтид, асби фитроки банди дасти асир ба зини ў баста вазза кашад рўйи роҳ, бинанд ҳама. Рахшон пардаи гардунаро бардошта ҳоли ў бинад ва аз дил гузаронад, ки шоҳ ба чунин ҳол кушад, то хун рехтанаш маълум нагардад.
Корвон мегардад ба пойи сутурон. Пирону зодагони ҷангу гетерҳо ва зану фарзанди шоҳ, ғаниматҳову рабудаҳо дар ин корвон аст ва соқа ояд аз пайи он. Коллисфен гоҳ-гоҳ ба худ омада бинад, ки роҳи сипардаро бозгашт тай кунанд. Хонаҳои сиёҳи канораи роҳ ва ҳавзаҳо сўхторҳои ваҳшиёна ва қатли оми Искандарро пеши назараш оварад ва ў низ сўзад; арақ пахш кунад, аз ҳангу нерў равад ва боз афтад рўйи роҳ. Вазза кашад ҳаюн. Аҳли соқа боз бардошта ба по рост кунанд ўро, об зананд ба рўяш. Вале ў чизе нагўяд, сафҳа-сафҳа таърих гузарад пеши рўяш. Дудҳои сўхта фазои осмонро пўшад; оқибати ҷангҳои Искандар.
Малика андар гардунаи шоҳӣ, Барзину писараш андар гардунаи гетерҳо. Рахшон ҳар гоҳ Гераклро ба гардунаи хеш хонад, вале бим аз ғазаби шоҳ ў наравад назди малика. Аҷаб аст, ки дар чунин синну сол писар падарро номеҳрубон дарёбад. Ҳама як сў бувад, андар завлона рафтани Коллисфени таърихнигор як сў.
Рахшон ин чизро ҳазм карда натавонад. Кўшиш дорад, ки ҳоли чунин марди фарзонаро набинад. Ба пеш нигарад, чашм пўшад ва пардаи ғурфаи гардунаро накушояд. Аммо чашми дилаш бинад ўро, дарк кунад ҳолу аҳволашро. Аз даму нафаси сўзони малика гардуна пур аз нафрат гашта.
Муддати мадид завлонакаш афтону хезон, гушнаву ташна чу саге баста ба дунболи корвон аст рўзаш сиёҳтар аз шаби тор. Расидаву парешон мўю ришаш, кафидаву сўхта пойҳояш ва харошу ворафта пўсти зонуву оринҷҳояш. Костахирад ва равонгусастаро монад, ки суду зиёни хеш надонад. Ва ақлу хирадаш нарасад ба раҳидан аз чунин банд.
«Ман ўро ба чунин ҳол назди устодаш Арасту бубарам!»
Аз хитобаҳои навбатии шоҳ буд, ки ба таваккул гуфт ба касе рў наоварда ва касе аз ў напурсида. Андеша накард, ки дуру дарозост роҳ. То ба д-он манзил расидан як умри одамӣ лозим шавад. Зеро аз он сў ба ҳавас ва умеди зиёд омада буданд, аз ин сў оҳиставу бо дирангу таъхир раванд. Дар он ҷо хазинаи холии мақдунист бо ҳамон ҳаштсад толони воми искандарӣ.
Ба Бохтар расиданд... Ҳафт моҳ гузашт. Дар ин муддат рухдоде нашуда, ки сазовори нигоштан бошад. Искандар дар ғами он буд, ки осорхона, дижи қадима ва хазинаи зеризаминии Бохтарро пайдо кунад. Дергоҳ манзил гузидани шоҳи мақдунӣ аз ин рў буд. Вале ин чизҳоро пайдо накард. Ҳарчанд гумоштагон ва афсару сарбозон дар ҳама ҷо ҳозиру нозир буданд, чизе ба даст наоварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор