Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— Агар шогирдони ман таълими арастуйӣ нагирифта бошанд, имону дину оинашонро фурўхта бошанд, чунин гўянд. Вагарна ба гулўи онҳо шамшери тез гузорӣ ҳам, дурўғ нагўянд.
— Пас мо дурўғ гўем?
— Ман надонам... Биоваред шогирдонро бо ман чашм ба чашм шаванд ва агар ҷуръат доранд, дурўғ бигўянд.
— Шогирдон нестанд!
Коллисфен сар андохт аз андўҳ, ки ба даст завлона задан даст аз зиндагӣ шустан бувад. Бо вуҷуди он хост росто бимирад.
Шоҳ ба дўсташ Антипатр рў оварда гўшона гуфт асирро:
— Мақдуниён шогирдонро сангсор карданд. Адаби ин софист-
1 ро худам медиҳам ва адаби онҳоеро низ, ки ин найрангбозро фиристоданд ва дар набудани ман дарвозаҳои Юнонро ба рўйи душманон кушоданд.
Коллисфен дарёфт, ки шоҳ Арастуро дар назар дорад. Дилаш гирифт. Вале ҳайҳот, ба устод нома карда натавонад. Ў назар афканд ба атроф, то Стребро бинад, пайдо набуд шогирд…
Рахшони ҳайрон зиндагии шоҳонаро дигаргуна тасаввур мекард. Чунон ки аз афсонаҳои шоҳони каёнӣ ва шоҳаншоҳӣ шунида буд, шоҳ бояд шоҳ бошад ва шаҳбону маликаи хубон.
Шоҳ бояд марз, коху диж ва тахту бахти хешро дошта бошад. Ў бо орзуву армони зиёд шоҳеро ҷуфти хеш пазируфт, ки оворагарду кўчӣ бувад. Тахте ва рахте надорад барои хеш ва барои малика.
Бо вуҷуди забардастӣ ва овозаи зиёд пеши сипоҳ ва онҳое ки андак хирад доранд, бўқаламун ва найрангбоз ва беандеша тобад.
Барои Рахшона низ шоҳе натофт, ки мехост. Бадпаймон баромад.
Аҳд карда буданд, ки дигар хун нарезад, инак месўзад. Искандар дер истод андар Мароқанд. Инак рахти сафар бастанист, Рахшон майли мусофират надорад. Шоҳи дилпур нест, метавонад дар ҳар қадам ўро хор дорад. Ҳамин ниятро духтар гуфт ба падар. Вале падари ҷоҳхоҳ ба маънии сухани духтар сарфаҳм нарафта, дўғу даранг кард, ки чунин ният доштанашро шоҳ нафаҳмад.
Искандар биҳишти рўйи заминро бадрўд гуфт. Сипоҳи ў тезтаку шамшерафшону маҳмеззан набуд, балки паруболрехта мерафт.
Гўши асбон афтида ва сари пиёдагардон хамида, базўр гом мезаданд. Онҳо на пирўзу забардаст метофтанд, балки мағлубро мемонданд. Шояд аз он бошад, ки ба ҳавои қадами таърихнигори асир гом мезаданд. Хеле ногувор тобад Рахшонро, ки Коллисфен андар завлона, баста ба дунболи корвон чу саг, афтодаву абгор ба
- Софист – муаллими пулакии фалсафа дар Юнони қадим; найрангҳои забонии гумроҳкунанда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор