Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

дар корзор ҳалок гаштаро масхара кунанд. Сипаҳбадони ҷангдида шўриданд, ки сагро аҷал расад, дар меҳроби маъбад мезад; ва онҳо наҳ заданд эҷоду иҷрои бадеҳаҳои сохтакоронаро. Аммо шоҳи махмур ҷонибдорӣ кард бадеҳасароёнро, ки сахту бад расид Клити сархушу камҳушро ва шарафи қурбониёнро ҳимоя карданӣ шуд:
«Хуб набувад дар мулки бегона ба мурдаи мақдуниён хандидан; бадбахтии мақдуниён беҳ аз хушбахтии масхарабозон!»
Искандар хашмӣ шуд ва ҳар чӣ сари забон омад, гуфт:
«Касе, ки тарсро бадбахтӣ хонад, хештанро фош гардонад.»
Аҷаб намуд Клитро, ки каси аз миёни хоку хуни овардгоҳ ўро раҳо кардаро шоҳ тарсу хонад. Ў ба ваҷду хурўш омад, баланд шуд ба китфу қомат ва шоҳи бемулоҳизаро гуфт:
«Магар тарсуйӣ он нест, ки гоҳи пушт ба шамшери порсӣ гардониданат, тухмаву дудмони худоёнро ёд мекардӣ? Бидон, ки танҳо хуни мақдуниён ва ана ин захму доғҳо туро Искандар карданд... Гоҳе ки аз падари мақдунии хеш рў мегардонӣ, худро писари худои Аммон мехонӣ.»
Клити сархуш ба иззати нафси шоҳ расид. Ў шоҳи ҷаҳонгир ва беҷурму муқаддасро барои худопарастиҳояш таъна зад. Искандар чашм танг кард чун ҳамеша ва мушт гиреҳ зад. Вале забон ба кор бурд:
«Ай нокас! Хаёл мекунӣ таънаҳои ту маро хуш бувад, ки мудом такрор кунӣ ва мақдуниёнро тараф гириву бегуноҳ хонӣ!?»
Аз ғазаб ларзид Искандар ва ҷониби Клит шуд, чунон ки Гефестиону Кратер омода гашта буданд ба хурўсҷанг.
«Оре, шоҳ! Хуш фармудӣ: нокас манам... Кас туйӣ, нокас манам. Лекин як бор фикр намекунӣ, ки мақдуниён чӣ бадӣ карданд туро? Магар ҳамин мақдуниён набуданд, ки дасти ба паси гарданат шамшер овардаро кўтоҳ карданд. Магар ҳамгўшаҳоят набуданд, ки дар канори рўдбори Граника туро аз чанголи Дориюш раҳониданд?
Гурезониданд ва боз бо мадади бардаҳои юнонии порсӣ қалби сипоҳи Дороро шикофта, туро роҳ кушоданд, то бар шоҳаншоҳи порсӣ пирўз шудӣ?»
«Ту ба ҷуз таъна задан коре надорӣ. Зеро осон ба боргоҳи шоҳӣ роҳ ёфтӣ, нозгунҷ гаштӣ; худат, хоҳарат ва ҷиянат зери пўсти Олимпиада ҷой гирифта, пиндорӣ ҳолиё чунон ҳастӣ! На!
Ин манам Искандари ҷаҳонгир! Ҳар чӣ хоҳам, он шавад ва чӣ гуна хоҳам, чунон шавад!»
Фурсат фаро расид, ки Клит ҳама дарду алами худро фурў резад. Аммо миёни ғубори сар чунин расид ба гўши ў, ки шоҳ таҳқираш кард; як навъ резахўри хони шоҳӣ хонд.
«Шоҳ шарм накунад, бигўяд он чӣ дар дил дорад. Хоҳари ман Ланика ба боргоҳ нон талабида нарафта, балки ба тарбияи шоҳзода рафта. Ва Клит низ нонхўрӣ нарафта, хоҳарро дидорбинӣ рафта. Вале Олимпиада модари ту маро боздошта, ки шоҳзодаро бо бозиҳо андармон кунам, то хушҳолу дилкушо бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор