Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дорад. Эрониён ва суғдиёну бохтариён низ ҳам намедонистанд асрори азалу амалро.
Ба ҷунбиш омад давра. Миш-мишу саргўшиҳо шуд. Мағал карданд. Чизе дамид ба сони шири тезоташ. Фазову ҳавои диж дам кард. Калавиданду сурўданду гуна-гуна гуфтанд сархушон, нафрин хонданд бедорон, ҳайрон монданд меҳмонон, ки чӣ сирру савдое.
Аммо ширинкорон кори худро мекарданд, гетерҳо ҳунари хешро намоиш медоданд. Шароби суғдӣ дарун ва мағзи сипоҳиёнро ба ғалаён овард; мекалавиданд.
1 «Барои Диоскури диловар!»
Кратери сипаҳсолори бовафо ба сипаҳбади қисми аввали сипоҳи савораи мақдунӣ Гефестиони хубчеҳр нигарист ва Гефестион низ ба Кратер, ки бисёр ҳаваси рутбаву унвонҳои олӣ дошт, аммо дар як мавқеъ пой мекўфт. Аз нигоҳи эшон дилу нияташон равшан буд, лек ба ҷуз худашон касе намефаҳмид, ки чӣ маънӣ дорад теғ кашиданҳояшон. Низ мекалавиданд, гўйӣ ҳуш дар сар надоштанд ва хешро идора карда наметавонистанд. Баъд нигоҳашон ба хурўсҷанг монанд шуд; ба ҷанги хурўсони хеле набард карда, хаста гашта, рў ба рў ёли гардан фахха карда ва дилак зада, парҳо дамонда, омодаи ҳуҷум бошанд. Баъд нўл ба нўл шуданд, вале зўру тавони ҷанг надоштанд. Ва якбора теғи нигоҳ ба теғкашии ҷангӣ бадал гашт ва ёрон имкон надоданд, то хуни ҳамдигар бирезанд. Оғўш карда, теғҳо аз дасташон рабуда, бурун оварданд аз толори тараб.
Клит низ мекалавид. Клите, ки Искандар пас аз падар ўро чун низомӣ мешинохт. Овони кўдакиаш Клит хоҳараш Ланикаро ба боргоҳи Файлақус хабаргирӣ меомад. Ланика дояи Искандар буд ва шоҳзода ҳамон вақтҳо либоси низомии Клитро дида ҳавас мекард, ки низ чунин пўшад. Клитро зуд рафтан намегузошт Искандар; бисёр мехост бо ў бозиҳо кунад ва машқи ҳарбӣ омўзад. Аз ҳамон вақт Клит азиз буд Искандарро ва ўро чун бародари бузург медонист. Ў мекалавид, вале ба кӣ дарафтиданро намедонист. Ба назар ҳама дам карда буданд чун ҳавои толор ва якбора гетери боҳунар Эрида равған пошид ба оташи тозаафрўхта. «Зевс куҷо монд? Геракл чӣ шуд? Ахилли шуҷоъ ку?»
Ширинкорону бадеҳасароёни юнонӣ таронахониву гуна-гуна нағмаҳо мекарданд, то об зананд оташро. Дар асл киноя мегуфтанд ва оташро доман мезаданд. Нобарориву забунии дастаҳои артиши мақдуниро андар канори Политимет таъна мекарданд, фавҷи мададгори Мақдуниё низ масхара мешуд дар бадеҳа. Ширингўйиҳои онон шоҳро хуш омад. Ба назари Клит найранги онҳо хидмати хирсона буд. Нафоридаш, ки ҷасурону родмардони

  1. Диоскур – қаҳрамони асари Арасту «Аретэ» – «Накўкорон».
пешина
аз 411
навбатӣ