Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Зевси барроқ! Худованди рўшнойӣ, каромот бикун!»
Вале аз ҷониби Зевс – падари Искандар каромоте нашуд. Сар андохт писари худо ва ба андеша рафт, ки муддатҳо аз падарон ёд наовард ва дар роҳи онҳо қурбоние накард, шояд рўҳашон малул гашта бошад.
Бод вазид ва садои ҷўйбори зерро гўшрас кард. Ўро равшан набуд, ки об аз кадом самт ҷорӣ гардад. Ва яке ба сараш зад, ки ҳоло шоҳро намонад, балки нафареро монад, ки чизи гум накардаашро ҷўяд. Пасон хешро қаҳрамон пиндошт аз кадом афсона.
Боз афсонаҳои кўдакиву ҷавонии Зевс ёдаш омад, ки дар ғор бузург шуда бар зидди падар – худои Осмон Крон шўрид. Ё чун Геракли диловар ҷонгарав ба иҷрои шартҳои шоҳ рафта бошад.
Ба назараш шартҳои Рахшон сабуктар бувад ба шартҳое, ки назди Геракл барои сабук кардани гуноҳи зану фарзандкушиаш гузошта буданд.
Фикру андешаҳояш парешон, ба назараш андар аъмоқ оташаке намуд ниҳоят дур. Фарқ кардан душвор буд, ки оташак бувад ё аз чашми ҷонваре шўъла бурун ҷаҳад.
«Дидӣ?»
Ҷондорашро ишора кард Искандар, ки паҳлўи ў истода буд.
«На. Чизеро намебинам.»
«Оташакро...» – ангушт тир кард ба умқи жарфно.
«На!»
«Ба зер нигар, ба қаър!»
«Намебинам!»
«Кўрӣ?!»
Ба шиддату оҳанги сухани ў гўё оташак ғайб зад, ки худи Искандар низ чизеро намедид. Чашм наканда, касеро чизе нагуфта ва нафас ба дарун гирифта менигарист, ки шояд боз бинад. Наомад ба чашм дигарбора. Балки ситораи субҳ сар кашид дар фазои баланди машриқ ва сари қуллаҳо як пардаи ғуборолуд паҳн шуд.
Жарфно тира буд ҳанўз ҳам. Искандар ба худ омада хешро аз сари бора паси харсанге кашид, ки дар чунин ҳолат тобад; аз паст бинандаш. Нигарон истод, то аз пас чӣ пайғом ояд.
Шафақ дамид. Ҳанўз қаър тира буд. Як ғубори хокиранги ноҷунбон чу сарпўши чоҳ баробари хамёза кашидани пардаи сиёҳи дами субҳ фурўтар мерафт.
Хуршед рух намуд. Пардаи ғубор пароканда шуд. Қаър тофт.
Вале касе наменамуд. Касе зинаро боло шуд. дар нимароҳи нардбон сўйи Искандар овоз дод:
«Дар диж касе нест!»
Искандар донист, ки диж будааст. Пурсид:
«Кистӣ?»
«Кени сипаҳсолор!»

пешина
аз 411
навбатӣ