Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Чӣ гуфтӣ?»
«Дар диж ҷонзоде набувад!»
«Магар деву ҷинҳо ба осмонҳо рафтаанд?»
«На! Нишоне натобад!»
Искандар Кенро аз роҳ гардонд, рўзбонҳову посбонҳоро огоҳ кард, ки ҳушёр бошанд, зеро муаммои сарбастаро монад чунин ҳол. Пас бо нардбон фурў рафт. Жарфно дўлеро мемонд; даҳонфарохи зертанг. Поёнтар обест пайдо, ки аз қаъри замин фаввора занад. Сард чу ях. Сангу сангчаҳои таки ҷўйбор тобад ва бо ҳамон ҷўйбор ҷорӣ гардад нишебо. Искандар даст шушт, об ба рўй кашид. Гуворо. Нўшид. Нўшид; сари дилашро рўшан кард.
«Ҳамин бошад Оби Ҳаёт?» – аз дил гузаронд, касеро чизе нагуфт.
Аз карона то карона мерасид диж. Гирдогирд девори баланди гилу сангӣ дошт. Аз зери деворҳо ва дижу хонаҳои хурд оби чашмаи хурўшон ҷорӣ мешуд. Дарҳо чўбӣ ва дудакашидаву сиёҳгашта буданд. Дарҳо андар девораҳои офтоббарову офтобнишин пўшидаву кушода мешуданд. Роҳ ва ё хона будани онҳо маълум набуд. Машъал афрўхтанд мақдуниён ва ворид шуданд якҷоя ба дари хонаи офтобнамо. Деворҳои паҳни аз танаи кўҳ тарошида ва хоначаҳои хурд-хурд дошт диж. Сақфи хонаҳо низ чунон лайс тарошида ва андуда буд, ки гуландоваро мемонд.
Хоначаҳо сохтан ҳам барои нигоҳ доштани шифти он буд. Дар буни девори пешгоҳ ва ду паҳлў суфачаҳои барқад тарошида буданд, ки толори пазироро монад. Тарзи хонасозии суғдиёна, на хонаи деву ҷин. Зеро бўрё густурда ба фарш ва шоли пашмӣ низ ҳаст. Пўстакҳо ва пўсти хирсу сайд. Андар хонаи шафат низ чунин ҳол, аммо роҳи баромад пайдо набувад. Дари офтобнамо бар кас кашида мешавад. Чун аз дар сар бурун орӣ, пешонӣ ба девор бархўрад.
Искандари ҳайрон роҳу пайроҳа меҷуст барои аз ин варта бурун рафтан ва ё роҳи омадшуди онро пайдо кардан. Паси деворҳо гузашт, роҳ пайдо набуд, дилаш раг зад, ки духтари донову маккора Рахшон доми фиреб густурда. Дер ё зуд сипоҳи суғдӣ сари бораҳо пайдо гардад ва ё ғурфаву равзанаи дижро дониставу кушода ояд ва ба сари лашкари ба дом омадаи ў резад. «Он асилзодаро биоваред!» Дилаш фарёд зад, аммо худдорӣ кард: «Андаке сабр.» Бурун аз хонаҳо омада ба дидбонҳои сари бораҳо нигарист.
Ором буданд. Бепарво сўйи диж менигаристанд; хавфе надоштанд.
Пайроҳа пайдо нашуд. Искандар коҳинро пайк фиристод.
Аз тарафи чапи даромади дарвозаи соҳили рости рўдаки аз зери диж равон пайроҳае кашол меёфт. Искандар онро дида шод гашт ва чанде гом зад. Мисхорҳои кандаву шикастаро дарёфт, ки сари роҳро пўшида буданд ва гўё огоҳ мекарданд, ки он сў роҳ нест. Ў баргашт: ҳам бовар кард, ки роҳ нест ва ҳам бим, ки ҷойи ноозмуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор