Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас печид ба хеш, ки ба ҳарфи духтар бовар кард ва ин қадар оворагист. «Оворагӣ» намуд Искандарро. Зеро муаммо ҳаллу фасл металабид ва хеле мушкил метофт. Вале аз Мақдуниё то рўдбори Яксарт ва ғори Ориёмаз машаққате надошт; осонгир буд ва сиёҳие ба дили шоҳи ҷаҳонгир наандохта буд. Ин ҷо ишколе ҳаст, асроре ҳаст. «Дар ин девбум базми арўсии ту барпо нахоҳад гашт, Рахшон!» Ҳукм кард дар дил ва Оксартро хонд:
«Фурўд о, пайки зиндагӣ биёр!»
«Шоҳо, ман низ чун шумо бори аввал ба ин ҷо омадам ва надонам, ки ҳаёт ҳаст ё на!»
«Охир фармудӣ: диж бувад, девсуратон буванд...»
«Аз афсонаҳо шунидаам, аммо чӣ донам, ки...»
Баъд дастон ба лаб карнай карда, паст-паст сўйи жарфно садо баровард:
«Кен!.. Кен!!. Кен!!!»
Ва гўш дод ё шир-шири ҷўйборе буд ва сарири ба ҳам соиш хўрдани найҳо ё шарфаи пасти по.
«Кеееееен!!!»
Нардбони зери пойи Искандар ҷунбид ва ў ваҳм кашида хешро пас кашид.
«Кен?!»
«Бале, шоҳ!» – аз наздик садо омад ва ў дар зинаҳои аввалини нардбон қарор истод.
«Зиндагӣ ҳаст, Кен?»
«Ҷуз ғиҷобаи борик чизе наметобад, шоҳ!»
«Чашми рўз кафад, ҳамааш равшан мегардад. Бирав, эҳтиёт бош!»
Искандар ба Офтобнамо дида дўзад, ки дарозтарин шаби умри ў кай поён пазирад?
Боди серун вазид. Искандар аз таҷрибаҳои биёбонгардӣ ва шабравиҳо тахмин кард, ки субҳ наздик бувад. Аммо ин бод мисли субҳи козиб фиребо буд; на он боде, ки ў хоҳад. На аз ситораи Корвонкуш дарак бувад ва на аз Корвонкаш. На аз ситораи субҳ, ки ҳамеша пеш-пеши Хуршед ояд. Искандари саропо мусаллаҳ ба либосу олоти ҳарбӣ шикебойӣ ва тамкин дода аз даст, осема бувад ва чизеро фаврӣ ба даст овардан хоҳад. Аммо вақту ҷойи ройсозӣ набувад ва касеро чизе гуфта натавонад. Ҷанг дорад фикрану хаёлан бо пардаи тираи шаб, то пора гардад зудтар, вале қодир набувад ба чунин амал. Дарёфт, ки тавоноён ва зўроварон ва ялону гурдон низ бе кўмаки офаридгор ночиз будаанд. Ин замон талабид аз худованди барроқ Зевси тавоно:
бидарад пардаи тира, мунаввар созад Гардун, то ў жарфноро зудтар бубинад, дижи афсонавиро ишғол кунад ва базми арўсии Рахшонро барпо гардонад:

пешина
аз 411
навбатӣ