Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

— На. Маро кушанд.
Хандид сарвар ва фармуд:
— Чӣ фарқ дорад? Онҳо кушанд ё мо кушем. Бигў!
Харкор чизе гуфта натавонист ва ба пайроҳаи каҷу килеб, ки суми харҳо заминро газида ва канданӣ шуда ба боло зўр мезад, нигарист.
— Аз пайи харҳо бишавем?
Харкор рост ба чашмони пурсанда нигарист, аммо гуфта натавонист.
Дижи Ҳурон дўлшакл буд ва ниҳоят жарф, ки дар замонҳои қадимтар замин фурў рафта, чунин шакл гирифтааст ва мардум аз бими душманони ғаддор ин ҷо паноҳ бурдаанд. Ва гўё чун бўзинаи хонагии аз бими гург дар шах зиста, ваҳшӣ гаштаанд.
Шояд аз ин рў девсурат ном баранд. Ё ин ҳарф аз забони шубонон бошад, ки гоҳ-гоҳ ба рамаашон ҳуҷум оварда молашон баранд. Аз гўш ба гўш расад чунин ҳарфҳо, дар биму ҳарос дорад мардумро, ба вижа шубононро.
Роҳ надорад диж. Харкор пас монд ва сарбозон пайроҳаро нишон гирифта омаданд. Оқибат пайроҳа гум шуд. Ҳама ҷой сангзор. Бо вуҷуди он тарҳи ғори гуфтаро дарёфтанд, аммо аз диж нишоне нест. Он чӣ пешакӣ фаҳмонида буданд, ки ба ғори Ҳурон бо нардбонҳо фурўд омадан имкон дорад, аён бувад. Сарсари девора ва бораи баланд сарбозҳо гаштанӣ шуданд, сарони лашкар нагузоштанд, ки ҳурон ё девон бошанд ва аз омадани онҳо дарак ёбанд, илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ хоҳанд кард...
Ва Искандар даррасид. Мавқеъ ва шакли жарфноро дида Аристандрро офарин хонд, ки нодида илоҷи корро пеш гуфт.
Агар ҳар сарбози аз пас омада як нардбони аз чўбу ресмон сохтаро оварда бошад, хидмати саррамол бувад. Оксартро низ шоҳ ҳамроҳ гирифта, то паймоншиканӣ нашавад. Искандар хайма зад. Се шаборўзи дигар зинаву нардбон сохтанд ва бофтанд аз химчаҳои зирку заранг; бо камандҳои румӣ ва суғдӣ пайвастанд. Ба шахҳои сари бора сахт карданд. Андохтанд ба зер ва нигарон шуданд поси дуввуми шабро. Чун фурсат фаро расид, аз давродаври девораву канораи замини шишта рехтанд ба мағоки азим ва мунтазир гаштанд кафидани чашми хуршедрову амри сарфармондеҳро.
Дар торикии жарфно чизе ба назар намерасид ҷуз ситораҳои ниҳоят рахшону баланд ва як лаби моҳ, ки он ҳам аз чашм мегурехт. Хурўше набуд, чунон ки ҳаёт набошад. Искандар нишаста андар сари бора аз хомўшиву торикии жарфнои ваҳмангез дилаш раг зад, ки доми тазвир бувад. Бадиққат гўш дод ба ин даҳанаи бузург ва ҳатто будан ё набудани фиристодаҳои хешро фарқ накард; нафасе ё хурўҷе намеомад. Як пой ба нардбони ҳамоили сари бора гузошт ва андешид аз дижу Рахшону падараш. Аз он ки дар ин маъво бўйи зиндагӣ нест, донист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор