Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

«Рақси гетерҳоро пазмон шудам. Онҳо дербоз арғушт нарафтаанд.»
Баҳона овард Искандар ва базмро оғоз бахшид. Ҳарчанд Тойис карашма дошт ва нозу адо, дилаш гирифта буд ва он гирифт ба рўй мезад. Эрис карахти карахт буд ва ба Файлотус наздик намешуд. Биталомус паҳлўи маснади шоҳ буд ва Иоллаи пури Антипатр ҳамчунон бодагусор. Ва Искандар худро сархуш гирифта ба рафторҳои косагул диққат медод, аммо чизе мушоҳида карда наметавонист ва ё Иоллай огоҳ аз асрор гашта буд, ки ҷуз соғарҳоро бода рехтан ва ситоиши шоҳ кори дигаре надошт.
Базм чун базмҳои пешин буд ва шароби арғувонии нав аз Юнон расидаро ҳаммонанди об мерехтанду ҷомҳо ба сар мекашиданд ва Иоллаи шеърдон Искандарро то шоҳи кабиру шоҳаншоҳӣ, писари худоёни Ғарбу Шарқ ва лашкаркаши бузург ва ягона писари монанд ба падар ситоиш мекард ва аҳён-аҳён ёд меовард, ки дўсти наздики падари ў Антипатри нигаҳбони Мақдуниё низ ҳаст.
Аммо шоҳ Искандар ки бештар аз ин ситоишҳоро шунида буд, чандон эътиборе ба суханони ў намедиҳад ва рў ба Пердиккаси бодахор меорад ва ба Биталомуси пилзўр, ки бода хўранд. Аммо Кратер навбатдор метобад ва давр мегардаду убур мекунад миёни базмиёнро, то шоҳро тобад, ки касонро меҷўяд.
Файлотус гўё чизе пай намебарад; ҳамчунон бода мехўраду арғушт меравад ва намехоҳад, ки Эрис бо мардони дигар рақс кунад. Аминта низ чизе ҳувайдо намесозад дар андому чеҳрааш ва гирди маснади сайёри шоҳ мегардад ва баъзан бо кафи даст пеши биниашро бод медиҳад, ки толори тарабхона ғализу бадбўй гашта. Ва баъзан гарданак мезанад ва ҳар замон ангушт ба нўки бинӣ мерасонад, ки аломати ташвиши зиёд ва парешонии ўст.
Дар нўки биниаш як рихинаки сурх дорад ва ҳар замон ҷўраҳояш ҳазл мекунанд, ки аломати сўзок шудани мард аст ва ў гарданак зада аз назди онҳо дур мешавад ва ё тадбире меандешад, ки аз ин хусус баҳс накунад: «ҳа-ҳа-ҳа!» хандаи хунук мекунад, вале аз мағзи сараш дигар андешаҳо мегузарад ва ҳамаи ҷўраҳоро аблаҳ мехонад. Дар асл чора меҷўяд, то хешро мусичаи бегуноҳ вонамуд созад ва ё мушкилоте пеш омада бошад, аз об хушк барояд.
Лимни Димн ҳамаро мушоҳида мекунад ва бештар ба Файлотус, Аминта ва бародарони хеш менигарад. Никомах ва бародари ў Кебалинро меҷўяд, аммо намебинад. Аз касе пурсида ҳам наметавонад. Баъзан-баъзан ба Аминта нигариста китф дарҳам мекашад, ки «нест», аммо гуфта наметавонад. Медонад, ки ҳар кас ҳазор чашм дорад. Ва бештар ба баҳонаи рақс гирди тахт мегардад, шоҳро таъзим мекунад ва ёрони гирди маснадро дандон менамояд ва дуздида-дуздида ба рафторҳои Иоллай менигарад, ки аз дасташ чизе меояд ё на.
«Поянда бод Мақдуниё!»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо