Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ ҷойи андеша ва пурсиш, ки бародар сари бародарро биоварад, ки дўст буд шоҳро, душман шуд? Ва сипаҳсолор ҷойи гурез дорад ё хешро нодида, ношунида мегирад?
— Ман ба он бародар чизе гуфта наметавонам ва ҳанўз таги дили ўро намедонам... Аммо аз он ки Кратер ё худи Искандар ба шоҳи мақдунӣ душман шуда бошад, ҳазм карда наметавонам.
— Ҳамин тавр... Оварданд...
— Дидану донистан лозим, ки кӣ оварда. Агар Искандарро ба Искандар душман хонанд, магар Кратерро монанд? Ин чизи дигар ва шоҳ бояд миёни чизҳо фарқ гузоранд. Онҳо сахтгириҳои шоҳро ситам пиндоранд ва идомаи юриши ўро фанои сипоҳ гуморанд. Аз ин рў овозаҳо кунанд, ки сипоҳ зинда барнагардад ба Мақдуниёву Юнон... Овоза бар он аст, ки шоҳ Искандар вогардад ва сипоҳиён ба дидори ёру ошно бирасанд... сабаби дигарро ман надидам. Ва ин чиз баҳона шуда, баъзе шоҳталабонро ва ҷоҳталабонро...
— Инро ман донам, Кратер... Тааҷҷуби ман бар он аст, ки чӣ гуна шуд чунин? Чаро мо роҳ додем?
— Бовар кардем...
— Пиндоштем ҳама Искандаранд... Ва онҳо хаёл карданд, ҳама Искандар шаванд... На-а-а!!! Искандар як-то! Ва Искандар мисли онҳо хаёли хом накунад! Агар ту дўстӣ, биовар! Ҳамаашро биовар.
Дастбаста ва пошикаста биовар, то рў ба рўйи лашкари мақдунӣ ва юнонӣ ба забони ҳол бигўянд, ки чӣ мехоҳанд. Биовар...
— Ба чашм...
— Биист! Ҳоло на. Ҳамаро безобита мегардонӣ. Мо бояд нақша кашем...
Ва онҳо нақша кашиданд...
Бибояд шабохун зананд. Аз рўйи фармуди шоҳ бояд Файлотус, Аминта, Иоллай, Никонор ва чанде аз ҷондорони ўро биоваранд.
Вале чун Кратер бурун рафт, ки бо дўстонаш тадбир андешад, шоҳ Искандар базми айш орост. Гўё дар олам ҷунбиши мўре нест.
Кебалин бародарро сар наоварда ба ў; гўё касе сўиқасд надорад; дурўғ, ки дўстон нодўст шуда бошанд. Рўдҳо ба маҷрои аввал ҷорианд, касе роҳи онҳоро дигар накардааст... Ҳанўз ҳам ўро дар ҳама мулки бегона чун султони кишвари хеш бо нону намак пазиройӣ мекунанд.
Шоҳ Искандар ғайри чашмдошт базмро аз нимарўз сар кард, ки одати ў набуд. Одатан рўз дам мегирифт, шаб кор мекард ва ин амалаш ба хотири чӣ буд, касе намедонист. Ба ҳар ҳол базми имрўза аз базмҳои дигар тафовут дошт: баъзе сарфавҷҳову дўстон ва сарбозон карахт менамуданд; чандон майли базму ҳаваси рақсу бозӣ ва бодапаймойӣ надоштанд. Гумон мерафт, ки онон низ ба раммолон фол намуда, чун Искандар пешомади корро дониста бошанд.

пешина
аз 411
навбатӣ